Дар Тоҷикистон эълону реклама, лавҳаю овеза, нархнома, борчаспҳо, навиштаҷот ва маводи дигари аёнии иттилоотӣ ба забони тоҷикӣ бояд навишта шаванд. Бо чунин мазмун рӯзи 3-юми декабр ба “Қонун дар бораи забони давлатии Тоҷикистон” аз ҷониби вакилони парлумон бандҳои нав ворид гардид.
Бар асоси қисми 3, ки ба моддаи 13-и Қонун “Дар бораи забони давлатӣ” илова шуд, ҳамаи матнҳои иттилоотӣ, аз ҷумла эълону таблиғ “аз боло ва аз тарафи чап бо забони давлатӣ, (яъне тоҷикӣ - аз идора) ва аз поён ё аз тарафи рост ба забонҳои дигар бо ҳарфҳои баробар ҷой дода мешаванд”.
Ин меъёр қаблан низ дар қонуни мазкур мавҷуд буд, аммо шарту шеваи навишти он зикр намегардид ва ба гуфтаи вакилон, баъзе номукаммалиҳо дошт.
Дар моддаи 13-и Қонун “Дар бораи забони давлатӣ”, ки амалкунанда аст, гуфта мешавад, ки “эълону реклама дар Тоҷикистон ба забони давлатӣ интишор мешавад” ва дар банди дуюм илова гардидааст, ки “эълону реклама тибқи қонунгузории Тоҷикистон ба забонҳои дигар низ интишор карда мешавад”. Акнун ба ин модда банди нав илова ва истифодаи забони давлатӣ бо шарту шеваи муайян зикр мегардад.
Тибқи иловаи дигар ба ин қонун, тамоми лавҳаю овезаҳо, нархномаю барчаспҳо ва матнҳои дигар маводи аёнӣ бо забони тоҷикӣ бояд интишор шаванд. Созмонҳои хориҷӣ низ муваззаф гардиданд, ки дар ҳама гуна матнҳои иттилоотии худ сараввал аз забони давлатии Тоҷикистон истифода карда, сониян имкон доранд, бо забонҳои дигар ҳуруфгардон ва ё тарҷума кунанд. Вакилон ба моддаи 20-и қонун бо назардошти ин меъёр қисми 3-ро илова карданд.

Қаблан низ дар банди 3-и моддаи 18-и қонуни мазкур, бо забони давлатӣ интишор гардидани “лавҳаю овеза” ва дар банди 3-и моддаи 20 “бланкҳо, нархномаҳо ва дигар маводи иттилоотӣ” зикр мешуд. Тибқи пешниҳоди вакилони парлумон, қисми 3-и моддаи 18 “бинобар аз нигоҳи мантиқ ба маводи иттлоотӣ дахл надоштан”-и лавҳаю овеза, ба моддаи 20 илова шуда, қисми 3-и ин модда дар таҳрири нав пешниҳод шудааст.
Саодатшо Матробиён, узви Кумитаи парлумонӣ оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон зимни муаррифии лоиҳа гуфтааст, ки бо назардошти истифодаи рӯзмарраи забони давлатӣ ва меъёру муқаррароти Қонуни забон, “баъзе масъалаҳо доир ба забони давлатӣ ба бознигарӣ ниёз доранд”.
“Зарурат ба миён омад, ки баъзе аз моддаҳои Қонун “Дар бораи забони давлатии Тоҷикистон” таҷдиди назар шуда, ба онҳо тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд”, - гуфтааст ин узви кумита.
Сахидод Раҳматуллозода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот низ тағйиру иловаҳои дар лоиҳа пешниҳодшударо “мусбат” арзёбӣ карда, зарурати ворид намудани тағйиротро ба “Қонун дар бораи забони давлатӣ” таъкид кардааст.
“Дар бисёр моддаҳои қонуни мазкур камбудиҳо ба мушоҳида расида, масъалаҳои зиёде дар самтҳои гуногун аз назар дур мондааст”, - гуфтааст раиси Кумитаи забон ва истилоҳот.
Гарчанде то имрӯз низ истифодаи забони тоҷикӣ дар навиштаҷоти лавҳаю овеза ва эълону реклама дар қонун зикр мешуд, аммо риояи онҳо аксаран аз ҷониби масъулин ва соҳибкорон сарфи назар мешавад.
Зиёиён ҳам борҳо аз ин мушкил нигаронӣ кардаанд ва дар иттилои худи кумита ҳам риоя нагардидани ин меъёр аз ҷониби соҳибкорон таъкид мегардид.
Чанде пеш “Азия-Плюс” ин мавзуъро дубора ба баҳс кашид ва навиштаҷоти яке аз кӯчаҳои марказии шаҳри Душанберо таҳлил карда, назари коршиносонро дар мавриди хатарҳои истифодаи забони ғайритоҷикӣ нашр кард.
Забоншиносон гуфта буданд, ки дар ҳолати зиёд будани номвожаҳои ғайритоҷикӣ аз вожаҳои аслӣ, “забон дар ҳолати таҳаввул қарор мегирад ва зери таъсири ангезаҳои сиёсиву иқтисодиву бозаргонии забонҳои бегона ва давлатҳои бегона мемонад”.
Кумитаи забон ва истилоҳот низ мегӯяд, санҷиш гузаронида, навиштаҷоти мағозаву ошхона, тарабхона ва шиору овезаҳои ғалатро ба мақомот барои ислоҳ ирсол мекунанд. Аммо ҳанӯз ин гуна номвожаҳо дар биноҳову иншоот зиёданд.
Забони нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо
Тибқи тағйироти дигаре, ки чанд рӯз пеш ба Қонун “Дар бораи забони давлатӣ” ворид гардид, вазорату идораҳои кишвар уҳдадор шуданд, ки нишастҳои матбуотиро бо забони давлатӣ баргузор кунанд.
Матробиён зимни муаррифии лоиҳа гуфтааст, ин тағйирот бо мақсади танзим ва риояи забони нишастҳои матбуотӣ ворид мешавад. Дар асоси пешниҳоди вакилон, ба қонуни мазкур моддаи 121 иловаи 1 бо унвони “Забони нишастҳои матбуотӣ” илова мегардад.
Тафсилоти дигари ин пешниҳоди вакилон дастрас нест ва гуфта намешавад, ки кадом меъёрҳои забонӣ дар баргузории нишастҳои матбуотии вазорату идора ва корхонаву ташкилотҳо танзим бояд карда шавад.

Зимнан, дар Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ асосан бо забони тоҷикӣ сурат гирифта, дар баъзе ҳолатҳо агар хабарнигор бо забони русӣ суол кунад, масъулин бо ин забон посух мегӯянд.
Забони имову ишора барои ногӯён ва ношунавоён
Ба Қонун “Дар бораи забони давлатӣ” бо пешниҳоди вакилон моддаи наве бо унвони “Забони имову ишора барои ногўён ва ношунавоён дар Тоҷикистон” ворид мегардад. Вакилон ҳадафи пешниҳоди ин иловаро муайян намудани забони имову ишора дар Тоҷикистон, дақиқ сохтани доираи истифодаи дигар забонҳо дар забони имову ишора ва фароҳам овардани шароит барои омодасозии мутахассисон дар ин соҳа гуфтаанд.
Гуфта мешавад, ки ин модда аз се қисм иборат хоҳад буд, аммо маълум нест, ки кадом меъёрҳоро дарбар хоҳад гирифт.
Бояд гуфт, набудани тарҷумони забони имову ишора аз мушкилоти ҷиддии ношунавоён ва ногӯён дар кишвар аст.
Абдуманон Шарифов, директори Иттиҳодияи миллии ношунавоён низ чанде пеш ба ин мушкил ишора карда гуфта буд, ношунавоён ҳар куҷое, ки мераванд, мекӯшанд ҳамроҳи худ тарҷумон баранд, зеро дар коргоҳҳои ҷамъиятӣ ва ниҳодҳои давлатӣ ҳеҷ кас забони онҳоро намефаҳмад. Вале на ҳамеша тарҷумон барои онҳо дастрас аст.





Дарёфти ҷасади сарбози тоҷик пас аз 84 сол. Ӯ дар ҶБВ кушта шуда буд
Мақомот аз боздошти як гурӯҳи ҷиноӣ хабар доданд, ки ба даст задани 11 ҷиноят, аз ҷумла одамкӯшӣ ва роҳзанӣ гумонбаранд
Сурия як сол пас аз Башор Асад: Аҳмад Шаръ метавонад мушкилоти навро ҳал кунад?
Чин дар ҷаласаи СММ аз “Толибон” хост, куштори шаҳрвандонаш дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро таҳқиқ кунанд
Масъулин мегӯянд, дар пайи боронҳои чанд рӯзи охир таъмини барқ “беҳтар шуд”, аммо сокинон рад мекунанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 декабри соли 2025
Гази моеъ беш аз 1 сомонӣ арзон шудааст
“Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд
Маҳдудияти таҳсил барои надонистани забони русӣ. Чӣ гуна ҳазорҳо кӯдаки муҳоҷирон дар Русия аз таҳсил дур мондаанд?
Боздошти як мард дар Ҳамадонӣ бо гумони лутукӯби ҳамсараш, ки ба марг оварда расонидааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста