Як сол пеш, ҷанге, ки ба назар мерасид Башор Асад дар он пирӯз шудааст, ногаҳон воруна шуд. Нерӯҳои шӯришӣ аз Идлиб, вилояти Сурия дар марзи Туркия, берун зада ва ба сӯи Димишқ дар ҳоли пешравӣ буданд. Фармондеҳи ин нерӯҳоро марде ба уҳда дошт, ки бо номи Абумуҳаммад Ҷулонӣ шинохта мешуд ва гурӯҳи шибҳанизомиаш ба номи "Ҳайат Таҳрир аш-Шом".
Ҷулонӣ номи ҷангии ӯ буд: номе, ки ба решаи хонаводагиаш дар баландиҳои Ҷулон, ноҳияи ҷануби Сурия, ки Исроил соли 1967 ишғол кард, ишора дошт. Номи воқеии ӯ Аҳмад Шаръ аст.
Як сол баъд, ӯ раисҷумҳури муваққат аст ва Башор Асад дар бадарға дар Русия зиндагии бошукӯҳ мекунад.
Сурия ҳамчунон вайрон аст. Дар ҳар шаҳр ва рустое, ки дар даҳ рӯзи гузашта дидем (мавод рӯзи 9-уми декабр нашр шудааст), мардум дар сохтмонҳои нимавайрон ва сӯхта зиндагӣ мекунанд, аммо бо вуҷуди тамоми мушкилот, набуди бори золимона ва хафакунандаи хонадони Асад боис шуда, Сурияи ҷадид сабуктар ба назар расад.
Аҳмад Шаръ дар хориҷ аз кишвар масири осонтаре доштааст. Ӯ тавонист Арабистони Саудӣ ва кишварҳои ғайриарабиро қонеъ кунад, ки беҳтарин шонси Сурия барои ояндаи босубот шахси ӯст.
Дар моҳи майи соли равон, валиаҳди Арабистон дидори кӯтоҳе миёни Аҳмад Шаръ ва раисҷумҳури Амрико тартиб дод. Пас аз ин дидор, Доналд Трамп ӯро “як марди ҷавон, ҷаззоб ва сахтгир” тавсиф кард.
Аммо дар дохил, суриҳо заъфҳои ӯ ва мушкилотеро, ки кишвар бо он рубарӯст, беҳтар аз хориҷиҳо мешиносанд. Фармонҳои ӯ на дар шимолу шарқ – ҷое, ки курдҳо назоратро дар даст доранд – иҷро мешавад ва на дар бахшҳое аз ҷануб, ки дурузҳо, яке дигар аз аққалиятҳои мазҳабии Сурия хоҳони ташкили давлати ҷудогона бо ҳимояти муттаҳидони исроилиашон ҳастанд.
Дар Соҳилҳои Медитарона низ алавиён (ҳамқавмҳои Асад) аз такрори кушторҳое, ки дар моҳи март таҷриба карданд, метарсанд.
Як сол пеш, фармонравони ҷадиди Димишқ, монанди бештари шӯришиёни мусаллаҳ дар Сурия, исломгароёни суннӣ буданд. Аҳмад Шаръ собиқаи тӯлонӣ дар ҷангидан барои “Ал-Қоида”* дар Ироқ дошт: ҷое, ки муддате зиндонии амрикоиҳо шуда буд. Ӯ баъдҳо фармондеҳи аршади гурӯҳе шуд, ки баъд “ДОИШ”* ном гирифт.
Шаръ дар идома, замоне, ки пойгоҳи қудраташро дар Сурия бино мекард, аз “ДОИШ” ва “Ал-Қоида” ҷудо шуд ва бо ҳарду ҷангид.
Касоне, ки барои дидораш ба Идлиб рафта буданд, мегуфтанд ӯ маҷмӯаи боварҳои бисёр амалгароёнатар пайдо кардааст: боварҳое, ки барои идораи Сурия бо он барномаи густардаи фирқаҳои мазҳабӣ муносибтар аст.
Аксарият ҷамъити Сурия суннимазҳаб ҳастанд. Афзун бар курдҳо ва дурузҳо, масеҳиён низ дар ин кишвар ҳузур доранд ва бисёре аз онҳо ҳанӯз наметавонанд гузаштаи Шаръро фаромӯш кунанд.
Аҳмад Шаръ як мусалмони суннӣ (бузургтарин гурӯҳи мазҳабӣ дар Сурия) аст. Давлати ӯ идораи тамоми кишварро дар даст надорад. Дар соли гузашта ӯ натавониста ва на қодир буда, ки курдҳои шимолу шарқ ва дурузҳои ҷанубро қонеъ ё водор ба итоат кунад. Дар Соҳилҳои Медитарона низ ҷомеаи алавӣ нором ва парешон аст.
Алавиён гурӯҳе ҳастанд, ки реша дар шиъа доранд ва хостгоҳашон Соҳилҳои Медитаронаи Сурия аст, хонадони Асад ҳам алавианд.
Ҳофиз Асад бунёдгузори режим қудраташро бар пояи ақалияти алавӣ, ки ҳудуди 10 дарсади ҷамъият буданд, бино кард. Танҳо шунидани лаҳҷаи алавӣ, ба вижа агар бар забони марде бо либоси низомӣ ё бадтар маъмурони созмонҳои иттилоотӣ бо нимтанаи чармӣ ҷорӣ мешуд, кофӣ буд, то дигар суриҳоро битарсонад.
Агар куштори фирқаӣ идома пайдо кунад, захмҳои Сурия ҳаргиз беҳбуд нахоҳад ёфт. Аз ин рӯ ҷилавгирӣ аз бурузи мавҷҳои ҷиддитари хушунат дар як соли ахир ҷиддитарин чолиши давлат аст.
“ДОИШ”-и заъифшуда дар Сурия
Аҳмад Шаръ дар ҳоле қудратро ба даст гирифт, ки норӯшании бузурге дар бораи иқдомоташ вуҷуд дошт ва маълум набуд, душманонаш чӣ бар сараш хоҳанд овард. Аз ҷумла, нигарониҳои бузург ин буд, ки имкон дошт ифротиҳои “ДОИШ” барои куштани ӯ иқдом кунанд ё бо ҳамалоти пурталафот дар Димишқ ҳараҷу мараҷ ба по кунанд.
Ҷангҷӯён дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз иқдомоти Шаръ барои ҷалби таваҷҷӯҳи Ғарб хашмгинанд. Пас аз он ки ӯро бо пайвастан ба эътилофи таҳти роҳбарии Амрико алайҳи “ДОИШ” мувофиқат кард, бисёре аз фаъолони ҷиҳодӣ дар фазои маҷозӣ ӯро “муртад” номиданд.
Аммо воқеия ин аст, ки “ДОИШ” дар Сурия заиф шуда ва ҳамалоти имсолааш умдатан алайҳи нерӯҳои курдҳо ва дар шимолу шарқ буда аст.
Бо ин ҳол, дар ҳафтаҳои ахир ва ҳамзамон бо наздик шудан ба солгарди суқути режими Асад, авзоъ тағйир карда аст.
Тибқи иттилооте, ки Чарлз Листар, аз таҳлилгарони барҷастаи Сурия гирдоварӣ карда ва дар нашрияи “Сурия викли” мунташир шуда, ҳамзамон бо юриши нерӯҳои амниятӣ ба ҳастаҳои “ДОИШ” ҷангҷӯён дар шаҳрҳои таҳти назорати давлат се сарбоз ва ду маъмури собиқи режими Асадро куштанд.
Ҷалби ҳимояти Трамп ва Ғарб
Иқдомоти Шаръ барои наздик шудан ба Ғарб бо муваффақиятҳои ҷашмгире ҳамроҳ буда аст.
Дар камтар аз ду ҳафта пас аз ба қудрат расидан дар Сурия, ӯ ҳайате аз дипломаҳои аршади амрикоиро пазируфт. Билофосила пас аз он Амрико ҷоизаи 10 миллион долларӣ барои боздошти ӯро лағв кард.
Аз он замон таҳримҳои Сурия, ки дар даврони Асад вазъ шуда буданд, ба тадриҷ коҳиш ёфтанд. Сахтгиронатарини онҳо “Қонуни сезор” таълиқ шуда ва мумкин аст Кунгураи Амрико соли оянда онро комилан лағв кунад.
Як нуқта атфи муҳим дар ноябр рақам зад. Замоне ки Аҳмад Шаръ нахустин раисҷумҳури Сурияи шуд, ки ба Кохи Сафед сафар кард.

Арабистони Саудӣ ва ҳамчунон давлатҳои ғарбӣ, Шаръро на фақат беҳтарин балки танҳо гузинае барои эҷоди субот дар кишваре мебинанд, ки дар қалби Ховари Миёна қарор дорад.
Агар Сурия дубора гирифтори ҷанги дохилӣ шавад, ҳеҷ шонсе барои коҳиши ошуб ва хушунат дар минтақа боқӣ намемонад.
Яке аз дипломатҳои аршади ғарбӣ гуфт, эҳтимоли ҷанги дохилӣ ҳанӯз вуҷуд дорад, зеро захмҳои ношӣ аз нимқарни диктаторӣ ва 14 соли ҷанг, ки ба хезише алайҳи ҳукумати саркубгари Асад оғоз шуд ва сипас ба набарди қавмӣ табдил шуд, ҳамчунон боқӣ аст.
Раванди оҳистаи адолат
Каме пеш аз солгарди суқути Асад, Дафтари ҳукуқи башари Созмони Милал нигаронии ҷиддии худро аз кундии раванди иҷрои адолат иброз кард. Сухангӯи ин ниҳод гуфт: "ҳарчанд мақомҳои муваққат гомҳои умедворкунанде барои расидагӣ ба нақзҳои гузашта бардоштаанд, аммо ин гомҳо танҳо оғози коре аст, ки бояд анҷом шавад”.
Бархе суриҳо, гоҳе ҳамроҳи нерӯҳои давлатӣ даст ба кор шудаанд. Ба гуфтаи Дафтари ҳуқуқи башари Созмони Милал, ки дар соли гузашта садҳо нафар “ба дасти нерӯҳои мусаллаҳи маҳаллӣ ва афроди мусаллаҳи ношинос” кушта шудаанд.

Давлати Аҳмад Шаръ бо таҳқиқоти Созмони Милал ҳамкорӣ кард. Бархе аз нерӯҳояш муваффақ шуданд, теъдоде аз алавиёнро наҷот диҳанд ва давлаташ чанд тан аз сардастаҳои ин кушторҳоро муҳокима карда аст.
Коммисияи таҳқиқи Созмони Милал дар бораи Сурия мегӯяд, ки ҳеҷ далеле наёфта, ки нишон диҳад мақомҳои ҳукуматӣ дастури ин ҳамлаҳоро дода бошанд, аммо нигаронии он замон ва нигаронии оянда ин буд, ки давлати Димишқ қодир нест, гурӯҳҳои мусаллаҳи сунниро, ки зоҳиран ба нерӯҳои амниятиаш пайвастаанд, назорат кунад.
“Мехобем ва бо тарс бедор мешавем”
Як сол пас аз поёни ҳукумати Асад, ҳокимони ҷадиди Сурия бархе дастоварҳои муҳим доштаанд.
Онҳо ҳамчунон дар қудрат ҳастанд, мавзӯе, ки ҳангоми тасарруфи Димишқ ҳеҷ замонате барояш вуҷуд надошт. Трамп акнун муҳимтарин ҳомии Аҳмад Шаръ аст. Таҳримҳо дар ҳоли лағв шудананд. Иқтисод нишонаҳое аз ҷон гирифтан дорад ва қарордодҳои тиҷорӣ баста мешаванд, аз ҷумла навсозии таъсисоти нафту газ ва хусусисозии фурудгоҳҳои Димишқ ва Ҳалаб.
Аммо қарордодҳое, ки дар роҳ аст, ҳанӯз зиндагии бештари суриҳоро тағйир надода аст. Давлат ҳеҷ сандуқе барои бозсозӣ надорад. Бозсозӣ бар уҳдаи худи мардум аст. Танишҳои фирқаӣ ҳалнашуда боқӣ монда ва мумкин аст дубора шуълавар шавад.
Гуфтугӯи Сурия ва Исроил бо миёнҷигарии Амрико низ мутаваққиф шуда аст.

Бинёмин Натаняҳу исрор дорад, ки Димишқ бояд минтақаи бузурге аз ҷануби Сурияро ғайринизомӣ кунад ва ҳеҷ нишонае ҳам аз содир шудани дастури ақибнишинии артиши Исроил аз минтақае, ки тасарруф карда аст, дида намешавад. Ҳар ду хоста дар ҳукми нақзи ҷиддии ҳокимияти Сурия аст. Юриш ба Бейтҷан низ имкони ироаи ҳаргуна имтиёз аз сӯи Димишқро душвортар кардааст.
Ҳукумат дар Димишқ ба қудрати шахси Аҳмад Шаръ мутамарказ аст, бо кӯмаки вазири хориҷиаш Асад Шайбонӣ ва чанд тан аз ҳамроҳони мавриди эътимод. Ба назар намерасад ҳеҷ талоши ҷиддӣ барои эҷоди як сохтори ҳукмронии посухгӯ дар ҷарён бошад.
Сурия бидуни хонаводаи Асад ҷои беҳтаре аст, аммо Умми Муҳаммад, модари Ҳибо Абузоҳири 17-сола, духтаре, ки дар пайи ҳамлаи Исроил ба Сурия кушта шуд, эҳсосоти бисёре аз суриҳоро дар як ҷумла хулоса мекунад:
“Оянда сахт аст. Мо чизе надорем, ҳатто мадраса ҳам нест. Баччаҳои мо инҷо дар ҷаҳаннам зиндагӣ мекунанд. Барояшон ҳеҷ амнияте вуҷуд надорад. Мо чӣ тавр зиндагӣ кунем? Амният мехоҳем. Шаб мехобем ва субҳ бо тарс бедор мешавем”.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.





Мақомот аз боздошти як гурӯҳи ҷиноӣ хабар доданд, ки ба даст задани 11 ҷиноят, аз ҷумла одамкӯшӣ ва роҳзанӣ гумонбаранд
Чин дар ҷаласаи СММ аз “Толибон” хост, куштори шаҳрвандонаш дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро таҳқиқ кунанд
Масъулин мегӯянд, дар пайи боронҳои чанд рӯзи охир таъмини барқ “беҳтар шуд”, аммо сокинон рад мекунанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 декабри соли 2025
Гази моеъ беш аз 1 сомонӣ арзон шудааст
“Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд
Маҳдудияти таҳсил барои надонистани забони русӣ. Чӣ гуна ҳазорҳо кӯдаки муҳоҷирон дар Русия аз таҳсил дур мондаанд?
Боздошти як мард дар Ҳамадонӣ бо гумони лутукӯби ҳамсараш, ки ба марг оварда расонидааст
Мазҳаб Ҷумъа, муҳаррири “Азия-Плюс” барандаи ҷоиза - “Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар рӯзноманигорӣ” шуд
“Истиқлол” бори 14-ум қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Нархи дастаҳои футболи кишвар чӣ қадар аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста