Котиби Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) Мирзоазим Насимов муваққатан роҳбарии ин ҳизбро ба дӯш гирифт. Баъди даргузашти пешвои худ Исмоил Талбаков коммунистони тоҷик қариб ним моҳ бе роҳбар буданд.

Вакил аз ҲКТ Ҷаббор Аҳмедов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки доктори илмҳои иқтисодӣ Мирзоазим Насимов, ки моҳи июли соли гузашта котиби ҳизб интихоб шуда буд, муваққатан иҷрокунандаи вазифаи раиси ҲКТ таъин шудааст.

Қобили зикр аст, ки раиси нави ҳизб дар анҷумани ғайринавбатии ҲКТ, ки тобистони соли равон доир мегардад, интихоб хоҳад шуд.

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон соли 1924 таъсис ёфта, раиси Кумитаи марказии он дар амал роҳбари аввали ҷумҳурӣ маҳсуб меёфт. Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ аз соли 1991 то соли 2016 сиёсатмадори маъруфи тоҷик Шодӣ Шабдолов раиси ивазнашавандаи он буда, аввали моҳи июли соли гузашта муддати солҳои тӯлонӣ муовини аввали ӯ Исмоил Талбаков раиси ҲКТ интихоб шуд. Исмоил Талбаков санаи 16 декабри соли гузашта бемаҳал аз олам даргузашт.

Тибқи маълумоти коммунистон, айни замон Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ҳудуди 45 ҳазор нафар аъзо дорад.

Мирзоазим Насимов бародари собиқи прокурори генералии Тоҷикистон, собиқ котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ Амирқул Азимов мебошад.