Президенти ИМА Доналд Трамп мулоқот бо вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавровро, ки 10 май дар Вашингтон сурат гирифт, "бисёр хуб" номида, гуфт, "кушторҳои ваҳшатноки Сурия бояд хотима ёбанд ва ҳама дар ин самт кор мекунанд".
Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ба огаҳии Кохи сафед, Трамп ҳамкориро барои қатъи даргириҳо дар Сурия зарур хонда, қайд кард, ки ҷилави режими Башор Асад, Эрон ва ҳампаймонони Теҳрон бояд гирифта шавад. Ӯ масъалаи Украинаро низ матраҳ карда, гуфт, маъмурияташ омодааст, ки дар ҳалли ин низоъ иштирок кунад. Трамп афзуд, ки Русия вазифадор аст, то қарордоди Минскро пурра иҷро кунад.
Ба ҷуз ин, президенти ИМА имкони тавсеаи ҳакориҳои ду кишварро барои ҳалли низоъҳо дар Ховари Миёна ва манотиқи дигар ба миён гузошта, алоқамандии худро барои беҳтар шудани муносибатҳо миёни Иёлоти Муттаҳида ва Русия дар оянда низ баён дошт.
Сергей Лавров дар нишасти хабарии Вашингтон гуфт, Русия ва ИМА омодаанд, ки дар робита ба ташкили минтақаҳои амни Сурия ҳамкорӣ кунанд. Ба гуфтаи ӯ, механизми дақиқи ҳамкориҳо дар гуфтугӯ бо ҷониби Амрико баррасӣ шуд. Ба баҳои вазири умури хориҷии Русия, гуфтугӯ бо Трамп дур аз идеология аст ва тими ӯ "аҳли коранд".
Лавров бо Трамп дар бораи дахолати Русия дар интихоботи президентии ИМА суҳбат накард ва баҳс атрофи ин мавзуъро дар нишасти хабарие, ки баъди дидору гуфтугӯ бо президент ва котиби давлатии Амрико дар Вашингтон анҷом дод, "кори беҳуда" номид.