Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба муносибати ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ӯзбекистон ба президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев паёми табрикотӣ ирсол намуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти президенти Ӯзбекистон.

“Хурсандиовар аст, ки Ӯзбекистон устуворона рушд ёфта, ба натиҷаҳои бузургмиқёс ва таъсирбахш дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавии кишвар ноил мегардад. Ҳамчунин нуфузи Ӯзбекистон дар арсаи байнулмилалӣ ҳамчун роҳбалади сиёсати созандаи минтақавӣ, ки бар эътимоди тарафайн ва эҳтироми ҳамдигар асос ёфтааст, низ боло меравад”, - гуфта мешавад дар барқияи табрикотӣ.

Сарвари давлати Тоҷикистон ҳамчунин қайд кардааст, ки таҳкими ҳамаҷонибаи асосҳои созанда дар муносибати мардуми ҳарду кишвар имрӯз дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мақоми афзалиятнок дорад.

“Бахусус қайд карданиам, ки дар бунёди заминаҳои зарурӣ ҷиҳати гузаштани ҳамкориҳои кишварҳои мо ба маҷрои сифатан нави рушд саҳми шахсии Шумо, Шавкат Мирамоновичи муҳтарам хеле назаррас аст. Аз муносибатҳои дӯстонаи кишварҳо дар сатҳи баланд мунтазам натиҷаҳои назаррас ҳосил шуда, тайи солҳои охир боз бештар густаришу тавсеъа меёбанд, ки ба сатҳи шарикии стратегӣ расидани онҳо намунаи барҷастаи он аст”, - зикр мешавад дар паём.

Маводи мо бо суроғаҳои news.tj ё asiaplustj.info тариқи браузери Opera (ба кор даровардани VPN лозим аст) қобили дарёфт аст. Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.