Александр Лукашенко, президенти Белорус дар мулоқоти худ бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки дар доираи ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) дар Белорус қарор дорад, омодагии худро барои ифтитоҳи Маркази савдои маҳсулоти Тоҷикистон дар Минск иброз доштааст. Дар ин бора хабаргузори “БелТА” хабар медиҳад.

Эмомалӣ Раҳмон дирӯз, 22-юми ноябр баъди анҷоми сафари расмӣ дар Русия барои ширкат дар ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии СААД мустақиман аз Маскав ба Минск парвоз кард.

Хадамоти матбуотии президенти кишвар дар шарҳи мулоқоти роҳбаррони Тоҷикистон ва Белорус менависад, ки  онҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои байнидавлатии ду кишварро дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ намуданд.

“Аз ҷараёни мусбати муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Беларус, рушди устувори шарикии стратегии ду давлат дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ, фарҳангию башардӯстона ва дигар соҳаҳо изҳори қаноатмандӣ карда шуда, ҳамкории тиҷоратию иқтисодии байнидавлатӣ аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок дар муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ гардид”, - гуфта мешавад дар хабарнома.

Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдории худро аз фаъол гардонидани кор дар самти афзоиши ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Беларус тавассути ташкили робитаҳои нави кооператсионӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои муштараки барои тарафҳо судманд изҳор намуданд.


Сарони ду давлат, ба фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баҳои мусбат дода шуда, беҳтаршавии фаъолияти Шурои кории Тоҷикистон ва Беларус таъкид кардаанд.

Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти таъсиси гурӯҳи муштараки кориро доир ба рушди ҳамкорӣ дар бахши сармоягузорӣ, ки ҷаласаи якуми он моҳи феврали соли равон баргузор гардид, таъкид намуданд.

Дар мулоқот ҳамчунин, рушди робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф, андешидани тадбирҳои муштарак ҷиҳати ғанӣ гардонидани муносибатҳои ҳамкории ду давлат бо мӯҳтавои нави амалӣ, инчунин оид ба мушкилоти байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.


Дар ҳамин ҳол, хабаргузори “БелТА” навиштааст, ки Александр Лукашенко омодагии худро барои ифтитоҳи Маркази савдои маҳсулоти Тоҷикистон дар Минск иброз дошта гуфтааст, ки барои он аллакай дар пойтахти ин кишвар се ҷой интихоб шудааст.

Лукашенко ба рушди иқтисоди Тоҷикистон, сарфи назар аз вазъи душвор дар саросари кишвар ёдовар шудааст.

Ӯ дар шарҳи равобити дуҷониба ба мавҷудияти гардиши хуби тиҷоратӣ ва афзоиши он, ки дар соли ҷорӣ сурат мегирад, ёдоваргардидааст.

«Мо гардиши мол байни ду кишварро ба 100 миллион доллар мерасонем. Вале ман мехоҳам, шумо донед: мо омодаем, ки маҳсулоти кишвари шумо, хусусан маҳсулоти хоҷагии қишлоқро (ки мутаассифона, дар мо надорем) дар ҳаҷми зиед харидорӣ кунем”, - гуфтааст Лукашенко.

Бояд гуфт, ки имрӯз, 23-юми ноябр Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи роҳбарони дигар кишварҳо дар ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии СААД ширкат мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.