Дипломати тоҷик Хусрав Нозирӣ муовини мудири кулли Созмони исломии амнияти озуқаворӣ (IOFS) таъин шуд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, аз миёни намояндагони 14 кишвари аъзои ин Созмон бо қарори Кумитаи иҷроияи IOFS Хусрав Нозирӣ ба ҳайси муовини мудири кулли ин Созмон интихоб гардид.

Хусрав Нозирӣ соли 1991 факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, ҳамчунин забонҳои русӣ, англисӣ ва арабиро низ медонад. Ҳамчунин рутбаи дипломатии сафири фавқулоддаи дараҷаи 2-юмро дорад.

Сурат аз kazatu.edu.kz

Аз соли 2019 то соли 2021 Хусрав Нозирӣ ба ҳайси муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ ва аз соли 2021 то моҳи августи соли 2024 ба сифати дабири Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) кор кардааст.

Созмони исломии амнияти озуқаворӣ (IOFS) - созмони байнулмилалии байниҳукуматиест, ки вазифааш - таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишварҳои Созмони ҳамкории исломӣ мебошад. Қароргоҳи созмон дар шаҳри Остона воқеъ аст. Айни замон раёсат дар IOFS-ро Қазоқистон бар дӯш дорад.

Мудири кулли созмон дипломати қазоқ Берик Арин мебошад. Созмон 42 кишварро муттаҳид мекунад. Дар Осиёи Марказӣ Қазоқистону Тоҷикистон ва аз ҳамин сол Туркманистон аъзои комилҳуқуқи созмон мебошанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.