Дар рӯзи чоруми сафари кории худ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар маркази шаҳри Хуҷанд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи таърихӣ - фарҳангии “Истиқлол”-ро ифтитоҳ намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, лоиҳаи иншооти нодир ва муҳташам аз ҷониби мутахассисони ҶДММ «Суғд Гиитиз» таҳия гардидааст ва маблағи лоиҳавии он 37 миллион сомониро ташкил медиҳад. Баландии муҷассама 53 метр буда, дар он тоҷ ва ҳафт ситораи доирашакл давр мезанад. Дар баландии 21 метри он майдончаҳо барои тамошо сохта шудааст ва дорои лифтҳои махсус мебошад.
Шоми ҳамин рӯз баъд аз ба истифода додани Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии «Истиқлол» дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд тантанаҳои идона ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо расми гузашти низомӣ ва роҳпаймоии сокинони вилоят, ки шумораи онҳо беш аз 15 ҳазор нафарро ташкил медод, идома ёфт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таъкид дошт, ки “Истиқлолияти давлатӣ ба мо имконияти таърихӣ фароҳам овард, ки соҳиби ватани озоду обод ва давлатдории миллӣ гардем, бо эҳёи суннату арзишҳои миллӣ ва заҳмати созанда зиндагии босаодати мардумро ба роҳ монем.”