Кабинети кории шаҳрдори нави пойтахт дар собиқ Қасри президенти Тоҷикистон ҷойгир хоҳад шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, муовинони ӯ ва дастгоҳи раиси шаҳр низ ба ин бино мекӯчанд. Раёсату шуъба ва дигар хадамоти шаҳрдорӣ алҳол дар бинои пешинаи шаҳрдорӣ ба кор идома медиҳанд.

Дастгоҳи иҷроияи президент, ки дар Қасри президент ҷойгир шуда буд, ба бинои нави баландошёна миёни бинои нави Вазорати корҳои хориҷӣ ва меҳмонхонаи «Тоҷикистон» кӯчонида мешавад. Қаблан зикр гардида буд, ки ин бино барои Кумитаи андози ҷумҳурӣ сохта мешавад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон асосан дар Қасри миллат кор мекунад. Сохтмони Қасри миллат соли 2012 ба итмом расида буд.

Қобили зикр аст, ки Қасри пешини президент, ки мақомоти шаҳрдорӣ ба он мекӯчад, собиқ бинои Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон буд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои Радиои Озодӣ, далели ҷойивазкунии мақомоти Душанбе шомили нақшаи бозсозии пойтахт будани бинои ҳукумати шаҳр дар хиёбони Рӯдакии пойтахт буд, ин нақшаҳо бахше аз Генплан ё барномаи азими бозсозии симои шаҳри Душанбе аст ва давоми солиёни охир онро мири собиқ Маҳмадсаид Убайдуллоев пиёда мекард.