Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон тағйироти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи ҳаракат дар роҳ»-ро маъқул шумориданд.

Минбаъд кормандони БДА ВКД Тоҷикистон ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки автомашинаҳои дар ҷойҳои манъшуда таваққуфкардаро ба майдончаҳои ҷаримавӣ сафарбар намоянд.

Баъди қабули тағйирот вакил Абдуҳалим Ғаффров қайд кард, ки айни замон кормандони БДА умуман ба мушкилоти ҷойдошта дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахт таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд.

Ӯ аз он нигаронӣ изҳор намуд, ки имрӯз ронандагони маршруткаҳо ба ҷои ҳашт мусофири муқарраршуда то 10 нафар ва зиёдтар аз он мусофиронро дар дохили автомашинаашон ҷой медиҳанд.

«Ғайр аз ин, ҳеҷ кадоме аз онҳо ба мусофирон бақияпулӣ намедиҳад, ҳарчанд нархҳо дар маршруткаҳо вобаста ба масофа аз 80 дирам то 1 сомониву 60 дирамро ташкил медиҳад, вале аз мусофирон ба ҷои ин 1 ва 2 сомонӣ роҳкиро мегиранд, - гуфт ӯ. - Аз рӯи ҳисобу китоби ман, ронандагони маршруткаҳои пойтахт дар як сол ба мусофирон дар маҷмӯъ 93 млн. сомонӣ бақияпулӣ надодаанд».

Муовини аввали вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Абдураҳмон Аламшозода ба вакил посух дод, ки дар робита ба масъалаи аз шумори муқарраршуда зиёд мусофир гирифтани маршруткаҳо даҳҳо ҳазор санад тартиб дода шуда, ронандагон ҷаримабандӣ шудаанд ва «вазъ дар ин самт тадриҷан рӯ ба беҳбудӣ меорад».

«Аммо назорати масъалаи марбут ба баргардонидани бақияпулӣ ба мусофирон вазифаи милитсия нест», - зикр кард Аламшозода ва изҳор намуд, ки ин масъаларо бояд Вазорати нақлиёт назорат кунад.