Аввали соли равон дар Тоҷикистон тағйирот ба Қонуни ҶТ “Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе шаҳр ва ноҳия” мавриди амал қарор гирифт, ки мувофиқи онҳо минбаъд вакилони ҳамаи сатҳҳо ба Конститутсияи ҷумҳурӣ савганди садоқат ёд мекунанд.
Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз парлумони Тоҷикистон хабар дод.
Қаблан ба Қонуни асосӣ танҳо президенти кишвар ва кормандони сохторҳои қудратии Тоҷикистон савганд ёд мекарданд.
Маросими савгандёдкунии вакилони мардумӣ пас аз интихоботи парлумонии ба рӯзи 1-уми март таъиншуда баргузор мешавад.
Мувофиқи тағйироту иловаҳои қабулшуда ба Конститутсияи Тоҷикистон моҳи майи соли 2016, аъзои ҳар ду палатаҳои парлумон ба мардум ва аъзои ҳукумат ба президенти ҷумҳурӣ савганди садоқат ёд мекунанд.
Тибқи тағйирот ба қонун “Дар бораи хизмати давлатӣ”, ки моҳи майи соли 2017 қабул шуд, хизматчиёни давлатии Тоҷикистон ҳатман ба Ватан савганди садоқат ёд мекунанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.