Дар доираи сафари давлатӣ ба Туркманистон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз бандари баҳрии байналмилалии Туркманбошӣ боздид намуд.

Тавре хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Ашқобод якҷо бо президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба ин ҷо ташриф оварданд.

Зимни суҳбати самимӣ дар тайёра сарони давлатҳо дар фазои гарму самимӣ ва эҳтирому эътимод масъалаҳои минбаъдаи ҳамкориро баррасӣ карданд.


Гуфта мешавад, дар даромадгоҳи бинои маъмурии Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти он самимона истиқбол гирифтанд. Нахуст ба ӯ доир ба фаъолияти бисёрсамтаи бандар, имконоти техникӣ, ҳамкории тиҷоратӣ бо дигар кишварҳо ва паҳлуҳои мухталифи кори ин марказ маълумот доданд.


Президент бо роҳбарияти он ҷиҳати ташкили ҳамкории пурсамар оид ба интиқоли молу маҳсулоти Тоҷикистон, истифодаи ин марказ барои баромадан ба бозорҳои кишварҳои дигар ва ба роҳ мондани воридоту содироти маҳсулоти мухталифи Тоҷикистон суҳбати самимӣ доир карданд.

Дар ҳамин ҷо президент ба Вазорати нақлиёт, Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва ба роҳбарияти КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” оид ба истифодаи пурсамари ин бандар дастуру супоришҳо дод.

Таъкид гардид, ки ба роҳ мондани робита ба воситаи бандари баҳрии байналмилалии Туркманбошӣ яке аз омилҳои муҳими таҳкиму тавсеаи муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон дар самти ҳамкории соҳаи нақлиёт гардида, барои ҳар ду ҷониб судовар хоҳад буд.

Ёдрас мешавад, ки зимни мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Туркманистон дар баробари дигар санадҳои нави ҳамкорӣ байни ду кишвар дар соҳаи нақлиёт се санад - Созишномаҳои байниҳукуматӣ дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан, оид ба ҳамлу нақл, транзити мол ва мусофирон ва бобати ҳамкорӣ дар соҳаи интиқоли маҳсулоти нафтӣ ва гази моеи карбогидридӣ ба имзо расид.


Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.