Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 23-уми ноябр бо як сафари корӣ аз Минск, пойтахти Белорус, ки мизбони нишасти сарони кишварҳои узви СПАД буд, ба Боку, пойтахти Озарбойҷон сафар кард. Ӯ дар саммити барномаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисоди Осиёи Марказӣ (SPECA) ширкат хоҳад кард. Дар ин бора хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Боку Эмомалӣ Раҳмонро муовини якуми сарвазири Озарбойҷон Яъқуб Аюбов, муовини вазири корҳои хориҷӣ Самир Шарифов ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Барои вохӯрӣ майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатии ду кишвар оро ёфта, афсарони Горди фахрӣ саф ороста буданд.
Бояд гуфт, ки барномаи SPECA моҳи марти соли 1998 бо мақсади мусоидат ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҳамгироии кишварҳои минтақа ба иқтисоди ҷаҳонӣ таъсис дода шудааст. Иштирокчиёни барнома Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон мебошанд.
Президентҳои Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Қирғизистон Содир Жапаров ва Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев иштироки худро дар ин ҳамоиш тасдиқ карданд.
Саммити мазкур таҳти раёсати Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев мегузарад.
Ҳпафтаномаи “Независимая газета” менависад, ки ин нахустин мулоқоти раҳбарони кишварҳои СПЕКА аз замони таъсисаш дар моҳи марти соли 1998 мебошад, ки дар сатҳи роҳбарони давлатҳо баргузор мешавад. Машваратҳои қаблӣ дар сатҳи намояндагони вазоратҳо ва гурӯҳҳои коршиносӣ баргузор мешуданд. Дар оғоз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон шомили ин барнома буданд, баъдтар Туркманистон, Озарбойҷон ва Афғонистон ба ин барнома шомил шуданд.