Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода ва сафири Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон Ҷонг Сонгк Шик рӯзи 2 апрел дар маросими боз шудани нахустин курс аз рӯи ихтисоси “Кафшергар”, ки хатмкардагони он метавонанд дар Корея кор кунанд, иштирок карданд. Дар ин бора Вазорати меҳнати ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, 35 нафар шаҳрвандони кишвар, ки аз мусоҳибаи  EPS гузаштаанд, ба ин курс қабул карда шудаанд. Ин давраи таълимӣ дар дар МД “Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир” ташкил шудааст. Вазир ва сафир ҳамчунин бо ҷараёни таълим шинос шуда, бо таълимгирандагон муҳиммияти ин иқдомро баррасӣ намуданд.

Дар назар аст, ки соли 2025 ба ҷуз ихтисоси кафшергар, шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд барои таъмин бо кор дар Корея мувофиқи дигар касбҳои серталаб имкон пайдо кунанд.

1/2

Пеш аз маросими ифтитоҳи курси таълимӣ вазири меҳнат Солеҳа Холмаҳмадзода бо сафири Корея Ҷонг Сонгк Шик дидору гуфтушунид кард.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо рафти иҷрои муқаррароти Ёддошти тафоҳум байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва Вазорати шуғл ва меҳнати Ҷумҳурии Корея оид ба фиристодан ва қабули кормандон тавассути низоми иҷозати кор (EPS) аз 31 октябри соли 2024-ро баррасӣ намуданд.

Ҷонибҳо бо қаноатмандӣ аз ҳамкориҳои судманд ва назаррас ҷиҳати интихоб гардидани Тоҷикистон ҳамчун кишвари 17-ум ба низоми иҷозат барои шуғл (EPS), таъсиси Маркази EPS дар шаҳри Душанбе, ташкили курсҳои омӯзиши забони кореягӣ ва касбу ихтисосҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати Корея изҳори миннатдорӣ намуданд.

Ба гуногунсамтии муҳоҷирати меҳнатӣ, омода ва  сафарбар намудани мутахассисони соҳибмалака ва донандаи забони кореягӣ, ки яке аз талаботҳои асосӣ ва ҳатмии низоми EPS маҳсуб меёбанд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, ҷонибҳо аз ташаббусҳои минбаъда, ки барои рушди муносибатҳои дуҷониба саҳмгузор хоҳад буд, умедворӣ карданд.

Акс аз Вазорати меҳнати ҶТ

Ёддошти тафоҳум ҳуқуқҳои коргаронро таъмин мекунад

Ёддошти тафоҳум байни Вазорати меҳнати Тоҷикистон ва Вазорату меҳнату шуғли Ҷумҳурии Корея 31 октябри соли 2024 ба имзо расид. Ёддошт фиристодан ва қабули шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба Кореяро тариқи низоми EPS танзим ва ба беҳбуди шаффофият ва самаранокии муҳоҷирати корӣ мусоидат мекунад.

Ҳадаф аз имзои Ёддошти тафоҳум таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати корӣ, ҳимоя аз ҳуқуқи коргарон ва пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ унвон мешавад. Аз замони дохил кардани ҷумҳурӣ ба низоми EPS дар соли 2023, Тоҷикистон иштирокчии барнома бо нақшаи афзоиши теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ ба Корея аз соли 2025 шуд.

Дар ёддошти тафоҳум байни ду кишвар “механизми ҳифзи ҳуқуқ, манфиат ва озодии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Корея” барои қонеъ гардонидани талаботи бозори кори Корея  бо мутахасисисони баландихтисос пешбинӣ шудааст.

Дар Барномаи аз ҷониби ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ ҷоришудаи EPS шуғл барои коргарони хориҷӣ дар назар буда, ба ин васила мушкили норасоии қувваи корӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, моҳидорӣ ва сохтмон ҳаллу фасл мешавад. Он барои муҳоҷирон шароити бехатари кориро таъмин намуда, ҷиҳати аз ҷониби онҳо риоя шудани қонунгузории муҳоҷират мусоидат менамояд.

Иштирокчиёни барнома бояд ба як қатор талабот ҷавобгӯ бошанд: синни аз 18 то 39-сола, доштани маълумоти на камтар аз миёна, гузаштан аз муоинаи тиббӣ, доғи судӣ надоштан, собиқаи кории на камтар аз 2 сол дар соҳаи дахлдор, донистани забони кореягӣ ё англисӣ. Ҷараёни дарёфти иҷоза барои кор аз пешниҳоди ариза ба Агентии шуғли Корея, санҷиши маълумоти аризадиҳанда ва муваффақона анҷом ёфтани санҷиш иборат аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.