Хизматчиёни Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН)-и ВКД Тоҷикистон ҳеҷ паёмаки гӯё аз ҷониби собиқи фармондеҳашон Гулмурод Ҳалимов баимзорасидаро дарёфт накардаанд.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз ин сохтори қудратӣ хабар доданд, ҳеҷ кадоме аз собиқ ҳамхизматони полковники фирорӣ аз ӯ смс-паёмаки таҳдидомез нагирифтаанд. «На ба раҳбарият ва на ба хизматчиёни дастаи мо чунин паёмакҳо нарасидаанд», - итминон длданд ба «Азия-Плюс» дар ин сохтор ва илова карданд, ки Гулмурод Ҳалимов ҳамчун як овозхони кӯчагӣ худро таблиғ мекунад ва мехоҳад, ки ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи мардум бошад.
Ёдрас мекунем, ки 6 сентябр хабаргузории Reuters иттилоъ дод, ки хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистон дар телефонҳои ҳамроҳи худ паёмакҳои таҳдидиеро дарёфт кардаанд, ки гӯё аз номи полковники фирорӣ Гулмурод Ҳалимов будааст.
Reuters хабар дода буд, ки ин далелро ба хабарнигор ду манбаъ дар мақмоти амният тасдиқ кардаанд. Ҳамчунин зикр гардида буд, ки хадамоти амнияти Тоҷикистон ба таҳқиқи ин далелҳо шурӯъ кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, се ниҳоди қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дарёфти паёмаки таҳдидомез аз Гулмурод Ҳалимов, сардори пешини ОМОН ва ҳоло "вазири ҷанг"-и гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро ба Радиои Озодӣ рад кардаанд.