Барои муқоиса 10 навъи бештар маъмули қонуншикании маъмурӣ интихоб шуда, бо натиҷагирӣ аз маълумоти ҷадвал метавон ба хулоса расид, ки БДА-и мо аз ҳамтоҳои русу қирғизи худ хеле «бойтаранд».

Дар ҷадвал бо ранги сурх - ҳаҷми баланди ҷарима, бо ранги зард - миёна ва сабз - андозаи пасти ҷарима зикр шудааст.


Коршиносони ширкати «Ҳимоя» бар ин назаранд, ки кам кардани ҳаҷми ҷаримаҳо ба афзоиши воридоти маблағ ба буҷет мусоидат карда метавонад, зеро қонунишиканон аз «гапзанон» даст кашида, маблағро мустақиман ба буҷет пардохт мекунанд.