Дар задухӯрд бо кормандони милитсия, ки шаби 4 июл дар деҳаи Ибратии ноҳияи Восеъ рух дод, чор хеши наздики собиқ корманди ВКД полковники фирорӣ Гулмурод Ҳалимов - ду бародар ва ду ҷияни ӯ ҳангоми муқовимати мусаллаҳона ба кормандони милитсия кушта шуданд.
Муовини сардори Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккилона (УБОП)-и Тоҷикистон Анвар Ҳусейнов бо захми корд аз хешони Ҳалимов дар бемористон бистарӣ шуда, баъди ҷарроҳӣ ба ҳаёташ хатар вуҷуд надорад.
Кормандони милитсия чанде аз хешовандону наздикони Ҳалимовро ба робита доштан бо созмонҳои терористӣ гумонбар медонанд. Тибқи маълумоти онҳо, ҳама куштаву боздошт шудагон ғайриқонунӣ ба Афғонистон гузаштанӣ будаанд.
Қобили зикр аст, ки волидони Гулмурод Ҳалимов зодагони ноҳияи Восеъ буда, имрӯз дар он ҷо хешовандони ӯ зиндагӣ мекунанд.
Ёдрас мекунем, ки нисбати Беҳрӯз Ҳалимови 18-сола, писари собиқ фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН)- ВКД Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ҷиҳати баррасӣ ба суд ирсол шудааст. Ӯ дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи ду моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ гумонбар дониста мешавад.