Зимни мулоқоти намояндагони КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ва роҳбарияти КВД Маркази “Узаэронавигатсия” Протоколи масъалаҳои баррасишуда ва Созишнома оид ба тартиботи ҳамкории минтақаи хизматрасонии ҳаракати ҳавоии Душанбе ва Тошканд ба имзо расид.
Тавре ки маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия” хабар медиҳад, бо мақсади татбиқ намудани нақшаҳои мувофиқашуда дар доираи Ёддошти ҳамкорӣ байни КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ва КВД Маркази “Узаэронавигатсия” гурӯҳи кории КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар намуда, бо фаъолияти КВД Маркази “Узаэронавигатсия” аз наздик шинос шуданд.
Гуфта мешавад, ҷонибҳо дар вохӯрӣ инчунин масоили техникии долонҳои нав, ки аз ҳудуди Ӯзбекистон оғоз гардида дар ҳудуди Тоҷикистон дар нуқтаи “AGVUT” анҷом меёбад, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ба иттилои манбаъ, долони нави ҳавоӣ аз ҷиҳати сарфаи вақт ва сӯзишворӣ барои истифодабарандагон муфид мебошад.
“Дар идома маҳсулоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Системаи автоматиии банақшагирии парвозҳо ва дастовардҳои ноил гардида дар робита бо татбиқи PBN дар Тоҷикистон муаррифӣ гардид”, - омадааст дар хабар.
Зикр мегардад, ки ҳамзамон гурӯҳи корӣ аз Хадамоти иттилоотии аэронавигатсионӣ ва Маркази омӯзишӣ-тамринӣ, ки дар бинои таълимии ширкати “Uzbekistan Airways” ҷойгир мебошад, дидан намуданд.