Дар қаламрави деҳаи Дерзуд ҷамоати деҳоти ба номи Назаршо Додхудоеви ноҳияи Рӯшон рӯзи 6 апрел резиши санг ба қайд гирифта шуд.
Тавре ки маркази матбуоти КҲФ-и ҷумҳурӣ хабар медиҳад, Бар асари ин ҳодиса як хонаи истиқоматии сокини деҳа зарар дид.
Гуфта мешавад, талафоти ҷонӣ нест. Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи ҳаҷми зарари расидаро муайян мекунад.

“Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бори дигар ба шаҳрвандон муроҷиат мекунад ва даъват менамояд, ки чораҳои бехатарии шахсиро риоя намуда, аз чорвочаронӣё дар чарогоҳҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳҳо, сайру гашт дар кӯҳҳо, ҷамъоварии ҳезум, ба шикор ва моҳидорӣ худдорӣ намоянд”, - огоҳ мекунад шаҳрвандонро Кумита.
Ҳамчунин ба шаҳрвандон хотиррасон мешавад, ки аз сафар ба минтақаҳои хатарнок худдорӣ намуда, ҳушёру эҳтиёткор бошанд ва ронандагон ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ суръати ҳаракати мошинҳоро боло набаранд ва фосилаи байни мошинҳоро риоя кунанд.
Дар Кумита огоҳ мекунанд, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 8 то 10 апрели соли 2025 дар натиҷаи боришоти шадиди пешбинишуда дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ва кӯҳу доманакӯҳҳо хатари омадани сел вуҷуд дорад.
Дар ин робита, ба сокинон ва меҳмонони кишвар тавсия мешавад, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба соҳили дарёву рӯдхонаҳо, сафарҳои сайёҳӣ ба кӯҳу пуштаҳои худдорӣ кунанд.
Аз ронандагон хоҳиш мешавад, ки ҳангоми ҳаркат аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ, бахусус ағбаҳо эҳтиёт кунанд, фосилаи байни мошинҳоро риоя намоянд. Суръати ҳаракатро боло набаранд.