Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон 11-уми апрел Имомгалӣ Тасмагамбетов, дабири кулли Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД)-ро дар Душанбе ба ҳузур пазируфтааст, хабар медиҳад сомонаи расмии СААД.
Ба навиштаи манбаъ, зимни мулоқот татбиқи марҳалаи аввали Барномаи байнидавлатии мақсадноки Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) оид ба тақвияти марзи Тоҷикистон ва Афғонистон баррасӣ шудааст.
Дар ҷараёни мулоқот, ҷонибҳо ба аҳамияти иҷрои комил ва ҷиддии тавофуқоти бадастомадаи давлатҳои аъзои Созмон таъкид кардаанд.
Барномаи байнидавлатии мақсадноки СААД оид ба тақвияти марзи Тоҷикистон ва Афғонистон бо қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД 28-уми ноябри соли 2024 дар Остонаи Қазоқистон тасдиқ шудааст. Он дар се марҳала татбиқ карда мешавад.
Дар марҳалаи аввал (соли 2025) ҷониби ташаббускор (Тоҷикистон) имкониятҳои давлатҳои аъзои СААД-ро барои истеҳсоли аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва воситаҳои техникӣ барои муҳофизати марзи Тоҷикистон муайян мекунад. Баъдан манбаъҳои маблағгузорӣ муайян ва шартномаҳо барои таҳвил имзо карда мешаванд.
Дар марҳалаи дуюм (солҳои 2026-2027) татбиқи амалии чорабиниҳои дар Барнома оид ба муҳофизати марз сабтшуда, тавассути таҳвили аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва воситаҳои техникӣ пешбинӣ шудааст.
Дар марҳалаи сеюм (солҳои 2027-2029) иҷрои чорабиниҳои Барнома дар тамоми хати марзи Тоҷикистон ва Афғонистон анҷом дода мешавад.
Имомгалӣ Тасмагамбетов дар Душанбе инчунин бо вазири мудофиаи Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода, котиби Шӯрои амният Юсуф Рахмон ва фармондеҳи Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Раҷаб Раҷабзода низ мулоқот кардааст.
Дар ин мулоқотҳо масоили тақвият додани амният дар минтақаи масъулияти СААД баррасӣ гардидааст.