Фаъолияти ташкилоти илмиву фарҳангии «Диалог» дар Тоҷикистон, ки соли 2007 дар Вазорати адлияи ҷумҳурӣ сабтином шудаву роҳбараш шаҳрванди Туркия мебошад, боздошта шуд.
Эмсал Коҷ, роҳбари ташкилоти «Диалог» дар ин робита иттилоъ дод, ки боздошти фаъолияти ташкилот ба мавҷуд набудани воситаҳои молиявӣ марбут буда, онҳо танҳо ба фаъолияти фарҳангиву илмӣ машғуланд ва ба сарпарастон ниёз доранд.
«Мо ягон фаъолияти тиҷоратӣ надорем. Дар робита ба буҳрон сарпарастон дастгирии лоиҳаҳои ташкилотро қатъ карданд», - иброз дошт ӯ ва аз ифшои маълумот дар бораи аз ҷониби кӣ сармоягузорӣ шудани ташкилот хомӯширо афзал донист.
Ба гуфтаи номбурда, ташкилоти «Диалог» «ҳамеша» дар доираи қонунгузорӣ амал мекард ва пурра тоҷикистонӣ маҳсуб ёфта, ҳарчанд онро шаҳрванди Туркия сарварӣ кунад ҳам, ширкат дигар бо Туркия ҳеҷ робитае надорад».
Эмсал Коҷ изҳор дошт, ки соли 1992 ба Тоҷикистон омада, бо зани тоҷик издивоҷ кардааст ва доимо дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунад. «Ҳадафи аслии ташкилоти мо ҳамеша сулҳу ваҳдат буду боқӣ мемонад», - қайд кард ӯ.
Дар ҳамин ҳол, ВАО чандин маротиба зикр карда буданд, ки маркази «Диалог» ба Фатҳуллоҳ Гюлен тааллуқ дорад, ки Туркия ӯро террорист унвон мекунад.
Робитаи худ бо Гюленро роҳбари марказ рад кард. «Маркази мо бо ташкилотҳои Туркия ҳеҷ муносибате надорад ва дар доираи қонунгузории Тоҷикистон амал мекунад», - афзуд номбурда.