Ду шаҳрванди Қирғизистонро нерӯҳои марзбонӣ ва кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар барои кӯшиши ғайриқонунӣ интиқол додани 23 гов ба Тоҷикистон боздошт кардаанд.
Дар ин бора расонаҳои Қирғизистон рӯзи 4-уми январ хабар дода, навиштаанд, ки онҳо тавассути ноҳияи Лайлаки ин кишвар мехостаанд вориди Тоҷикистон шаванд. Ба гуфтаи манбаъ, боздоштшудаҳо қасд доштаанд 22 буқа ва 1 модаговро ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон биёранд.
Ҷузъиёти дигари ин ҳодиса дастрас нест. Танҳо гуфта мешавад, боздоштшудаҳо ба мақомоти дахлдори Қирғизистон супурда шудаанд.
Бояд зикр кард, ки марз миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон баста аст. Қирғизистон дар пайи низоъи марзӣ бо Тоҷикистон моҳи майи соли 2022 марзҳояшро расман баст ва то ҳол он боз нашудааст.
Мақомдорони тоҷик қаблан баста шудани марз бо Қирғизистонро яке аз омилҳои кам ва ҳатто аз байн рафтани қочоқ номида буданд. Аммо мушоҳида мешавад, ки новобаста ба ин, ҳолатҳои қочоқ сари ҳар чанд вақт сабт мешавад.
Ёдовар мешавем, ки сарҳад байни Тоҷикистону Қирғизистон баъди даргирии хунин дар соли 2022 аз ҷониби кишвари ҳамсоя пурра баста шуд ва то ҳол боз нашудааст.
Тибқи охирин хабарҳо, ҳоло ду кишвар дар марҳилаи охири ҳалли баҳси марзӣ қарор доранд ва дар назар аст, пас аз имзои созишномаи ниҳоӣ, сарҳад боз гардад.
Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд ва то оғози даргириҳо миёни ду кишвар тақрибан 300 километри он аломатгузорӣ нашуда буд. Аз ин рӯ, сари чанд муддат ҷангу даъвоҳо барои замин, сохтмон, об ва роҳ сар мезанад.
Гузориш: 79%-и об дар Осиёи Марказӣ барои обёрӣ сарф мешавад
Хишти аввал. Оҷонсии иттилоотии "Азия-Плюс” 29-солагии худро таҷлил мекунад
“Умед доштем, ки ақаллан ягон сол кам мекунанд”. Додгоҳи кассатсионӣ ҳукми “чеҳраҳои сиёсӣ”-ро бетағйир гузошт
Ҳафтаи китоби кӯдакон. Кай ва дар куҷо чӣ чорабинӣ баргузор мешавад?
Шавкат Мирзиёев нишасти аввали “Осиёи Марказӣ - Иттиҳоди Аврупо”-ро таърихӣ номид
Боздошти як марди 35-сола бо гумони куштори ҳамсараш дар пойтахт
Баҳси марзӣ ҳал ва сарҳад боз шуд. Аз Тоҷикистон чӣ гуна метавон ба Қирғизистон рафт?
Муҳоҷирон чӣ тавр ва дар куҷо метавонанд ҳузури худро дар Русия қонунӣ кунанд?
Ба футболбозони “Хуҷанд” 4 моҳ маош пардохт нашудааст
Моҳи апрел обуҳаво дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста