“Як рӯз дар осоишгоҳи радиоактивӣ” – ин унвони мақолаест, ки дар рӯзномаи “The New York Times” нашр шудааст. Мақола дар бораи хусусиятҳои осоишгоҳи машҳури “Хоҷа Обигарм” дар Тоҷикистон ва як гузориши тасвирии гарму самимӣ нақл мекунад.
“Бо тақрибан 18 доллар дар як рӯз, осоишгоҳи “Ҳоҷа Обигарм” ба меҳмонони худ ҷойи зист, хӯрок, муолиҷа бо оби дорои радон ва нишонаҳои Тоҷикистони Шӯравиро пешниҳод мекунад. Дар кӯча меҳмонон метавонанд барои чой гулҳои ромашка ҷамъоварӣ кунанд ва шахсони ҷасуртар метавонанд ба сайру саёҳати дараҳо раванд”, - менависанд хабарнигорон.
Хусусияти осоишгоҳ
“Он чи оби осоишгоҳи “Хоҷа Обигарм”-ро, ки дар кӯҳҳои сангини Ҳисори Тоҷикистон ҷойгир аст, фарқ мекунонад, ин табиатан ғанӣ будани он бо радон – гази радиоактивӣ мебошад, ки дар натиҷаи вайроншавии моддаҳои радиоактивӣ дар хок, сангҳо ва обҳои зеризаминӣ ба вуҷуд меояд», – зикр мекунанд рӯзноманигорони “The New York Times”.
“Ба шиноварон тавсия дода мешавад, ки баъд аз 15 дақиқа аз об бароянд. Осоишгоҳ як бинои ҳафтошёнаест, ки дар сабки брутализм сохта шудааст ва дар баландии тақрибан 1800 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Он ёдгории бетониест, ки барои тарғиби рухсатии ҳатмии коргарон дар Иттиҳоди Шӯравӣ бунёд шудааст.
Илова бар душҳои радонӣ, ваннаҳо ва гидротерапия, дар ин ҷо хадамоти зебоӣ (косметикӣ) ва бочкаҳои офтобӣ барои гирифтани гармии офтоб пешниҳод мешаванд. Одатан, барои рафтан ба парафинотерапия (муолиҷа бо лойи махсус) навбатҳо тӯлонитар ҳастанд.
Аммо фазои осоишгоҳ бештар ба SPA монанд аст, на ба як осоишгоҳ. Аксари истироҳаткунандагон бо тавсияи духтурон ба ин ҷо фиристода мешаванд. Мисли даврони Шӯравӣ, меҳмонони навро духтур ё ҳамшираи тиббӣ муоина мекунад”, - гуфта мешавад дар гузориш.
Вокуниши мухотабон
Сокинони Тоҷикистонро бо обҳои шифобахш ба тааҷҷуб андохтан душвор аст, аммо вокуниши хонандагони “The New York Times” асосан аз истифодаи оби дорои радон бо ҳадафҳои табобатӣ иборат аст.
Аксари шарҳнависон дар бораи хавфи гирифторӣ ба саратон пас аз чунин муолиҷаҳо нигаронӣ кардаанд.
“Акнун, ваннаҳои радонӣ хубанд? Ман аз ин чиз дар ҳайратам”.
Аммо шарҳҳои хандовар низ ҳастанд:
“10/10 боз ҳам бармегаштам. Аз он ҷо баромада, медурахшидам (бозии лафз бо калимаи "radiant" – дурахшанда, ки бо "радиоактивӣ" созгор аст)”.
Баъзе корбарон меъмории таъсирбахши бинои осоишгоҳро зикр мекунанд:
“Маҳз ҳамин ҷо бояд макони филмбардори навбатии Уэс Андерсон шавад”.
Тафсилоти бештари ин матлаб ва шарҳҳои дигарро метавонед тариқи ин пайванд хонед.