Кордори муваққатии Сафорати ИМА хонум Лесли Хейден, муовини раиси ноҳияи Бохтар хонум Маҳмадалиева Дилафрӯз ва сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Саидулло Маллазода ба маросими тақдими лавозимоти тиббии яккарата барои 14 таваллудхонаи вилояти Хатлон ҳусни оғоз бахшиданд.

Расонидани кӯмаки мазкур ба туфайли дастгирии лоиҳа оид ба саломатӣ ва ғизо дар доираи ташаббуси «Озуқаворӣ ба хотири оянда» дар Тоҷикистон, ки аз ҷониби Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) маблағгузорӣ мешавад, имконпазир гардид.

Дар маҷмӯъ 14 адад бинои таваллудхона ба беш аз як миллион нафар хизматрасонӣ менамояд. Лавозимоти тиббии мазкур барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба модарону навзодон зарур буда, аз муоинаи тиббии яккарата, дастпӯшакҳои ҷарроҳӣ, сӯзандору, курачаҳои пахтагӣ, ниқоб барои рӯй ва маҷмӯи лавозимоти инфузионӣ иборат аст.

Дар аввали соли ҷорӣ мутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҳамкорӣ бо лоиҳаи оид ба саломатӣ ва ғизои ташаббуси «Озуқаворӣ ба хотири оянда» дар Тоҷикистон арзёбии васею муфассали муассисаҳои тиббии дар боло зикршударо анҷом доданд. Арзёбии мазкур норасоии доимии лавозимоти тиббии якдафъагиро нишон дод.

Лоиҳа оид ба саломатӣ ва ғизо дар доираи ташаббуси «Озуқаворӣ ба хотири оянда» бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар самти беҳтар намудани вазъи саломатӣ ва ғизои модарону кӯдакон дар 12 ноҳияи қисмати ғарби вилояти Хатлон ҳамкорӣ менамояд. Мақсади асосии лоиҳа мукаммал гардонидани системаи маҷмӯи тандурустӣ дар сатҳи оила, ҷамоат, клиника ва ҷумҳурӣ барои беҳбуд кардани вазъи саломатии модарон, навзодон ва кӯдакон мебошад.


Иқдоми мазкур бо таваҷҷӯҳи махсус ба ғизо ва шароити санитарию беҳдошт татбиқ мешавад. Созмони “IntraHealth International” дар ҳамкорӣ бо шариконаш – созмони “Abt. Associates” ва созмони “Ҳайати шавқати байналмилалӣ” – лоиҳа оид ба саломатӣ ва ғизои ташаббуси «Озуқаворӣ ба хотири оянда»-ро дар Тоҷикистон амалӣ мегардонад. Лоиҳа бо 20 муассисаи тиббӣ ҳамкорӣ намуда, зиёда аз 30 000 хонавода дар 700 деҳаро фаро мегирад. Беш аз 50 корманд ва 1000 кормандони ихтиёрӣ аз ҳисоби сокинони деҳаҳо дар лоиҳаи мазкур фаъолият мекунанд.

Лоиҳа оид ба саломатӣ ва ғизои ташаббуси «Озуқаворӣ ба хотири оянда» яке аз лоиҳаҳои сершумори мададрасон мебошад, ки аз ҷониби халқи Амрико тавассути USAID дастгирӣ шудааст. Аз соли 1992 инҷониб Сафорати ИМА дар ш. Душанбе маблағи зиёда аз 1 миллиард доллари ИМА-ро тавассути барномаҳо ҷиҳати дастгирӣ намудани амният, ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ ва рушди иқтисодии Тоҷикистон ҷудо намудааст.

Озуқаворӣ ба хотири оянда - ташаббуси Ҳукумати ИМА баҳри рафъи гуруснагӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ дар саросари ҷаҳон маҳсуб меёбад. Таваҷҷӯҳи умдаи ташаббуси мазкур ба баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар муассисаҳои тиббӣ, кӯмак ба оилаҳо ҷиҳати беҳтар намудани таркиби ғизоашон, пеша гирифтани одатҳои тарзи ҳаёти солим ва беҳтар намудани шароитҳои санитарию-беҳдошт дар муассисаҳои тиббӣ ва ҷомеа равона шудааст.