Боғи ботаникии шаҳри Душанбе 12 октябри соли 1933 мавриди истифода қарор гирифта, тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ба он «Боғи Ирам» ном гузошта шуд.
Ин боғ майдони 400 ҳазор метри мураббаъро фаро гирифта, имрӯз дар он метавон бо беш аз 4500 навъҳои гулу растанӣ ва буттаву дарахтҳо аз тамоми гӯшаву канори олам аз наздик шинос шуд.