Эътилофи зидди шиканҷаи Тоҷикистон аз шикояти як зани 34-сола, сокини шаҳри Душанбе аз кормандони пулиси ноҳияи Шоҳмансур хабар додааст.

Хабаргузории «Озодагон» менависад, ин зан, ки корманди як созмони байналмилалӣ будааст, гуфтаааст, ки маъмурини милиса зимни санҷиши шиносномаҳо дар доираи амалиёти “Нелегал” аввали моҳи равон талош кардаанд, бо зӯр вориди манзилаш шаванд.

Ӯ барои фаҳмидани асли қазия тамоми ҳуҷҷатҳояшро пешниҳод намудааст, аммо милисаҳо бо иддаои он ки дар хонааш шаҳрвандони хориҷиянд ва бояд шиносномаҳояшонро тафтиш кунанд, бо зӯр вориди хона шудаанд: “Соҳибхона талош кардааст, ҳодисаро дар телефони мобилӣ сабт кунад, аммо яке аз милисаҳо телефонашро гирифта, ӯро мавриди латту кӯб қарор додааст. Аз мӯйҳояш дошта, поин фаровардааст ва ҳамроҳ бо меҳмонҳояш ба мошини сиёҳшиша савор намудааст”.

Ин зан дар муроҷиат ба Эътилоф афзудаст, вақте милиса ӯро мезаду берун кашид, ба додаш касе нарасид ва ягон нафар аз ҳамсояҳо, ки дар берун қарор доштанд, ба кумакхоҳияш вокуниш нишон надодаанд: “Бо зӯрӣ ӯ ва меҳмонҳояшро савори мошин карда, гӯиё барои муайян намудани шахсияташон ба шӯъбаи Шоҳмансур бурдаанд. Танҳо баъди 4 соат ними шаб, бо гирифтани забонхат, ки алайҳи маъмурини милиса эроде надоранд, ин зан ва меҳмонҳояшро раҳо кардаанд”.

Эътилофи зидди шиканҷа мегӯяд, дар пайи муроҷиати ҷабрдида, ӯро бо вакили дифоъ таъмин кардааст, то барояш ёрии ҳуқуқӣ расонад.