Аз 1 то 3 апрели соли 2076 дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд даври сеюми Намоишгоҳи таълими байналхалқӣ дар шакли васеъ баргузор мешавад, ки дар он намояндагони муассисаҳои таълимии кишварҳои Аврупо ва Осиё иштирок мекунанд.

Тавре аз ширкати ватании «Мултикид», созмондиҳандаи ин чорабинӣ  хабар доданд, дар намоишгоҳ намояндагии зиёда аз 10 донишгоҳу коллеҷ, мактаб ва марказҳои забони хориҷӣ аз Британияи Кабир, ИМА, Олмон, Кипр, Лаҳистон, Белоруссия, Хитой ва Чехияву Малайзия ширкат хоҳанд кард.    

«Мақсади намоишгоҳ баланд бардоштани шавқи ҷавонони тоҷикистонӣ ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, гирифтани маълумоти босифати олӣ, мусоидат дар бунёди равобити таълимию дӯстӣ бо донишгоҳҳои хориҷӣ дар доираи барномаҳои мубодилавии донишҷӯиву илмӣ, инчунин баргузор намудани таҳқиқотҳои муштарак ва такмили ихтисос ба шумор меравад», - хабар медиҳанд аз ширкат.

Қобили зикр аст, ки намоишгоҳ дар баробари шавқовар будан ба мактаббачаҳову донишҷӯён ва волидайни онҳо, инчунин барои мутахассисони соҳаҳои гуногун низ манфиатнок хоҳад буд.

Гуфта мешавад, намоишгоҳ имкон медиҳад, ки довталабон дар бораи муассисаҳои таълимии хориҷӣ  ва ихтисосҳои пешниҳодшуда иттилои пурра ва саҳеҳро ба даст оварда, ба таври ройгон  маълумоти мукаммалро ба даст оранд.

Инчунин хоҳишмандон метавонанд барои супоридани имтиҳони қабуд ба баъзе донишгоҳҳои Аврупо  худро номнавис намоянд.  Имтиҳонҳо – тести забони англисӣ рӯзи 2-уми апрел дар бинои «Душанбе Плаза»-и Душанбе ва 3 апрел дар бинои «Имон интернашенл»и Хуҷанд  баргузор мегардад.

Баъди санҷиши тестӣ, мисли соли гузашта, беҳтаринҳо имкони таҳсили ройгон ё тахфифро барои омӯзиш дар дараҷаи бакалавриат ё магистратура дар донишгоҳҳои олии аврупоӣ ба даст меоранд. Ҳамчунин барои мутахассисони гуногунсоҳа оид ба такмили ихтисос ва баланд бардоштани сатҳти касбиашон дар хориҷа барномаҳои гуногун пешниҳод карда мешаванд.  

Ба таври анъанавӣ, намоишгоҳ барои кӯдакон ва ҷавонон оид ба Барномаҳои таълимии тобистона дар панҷ давлати хориҷа иттилооти пурраро пешниҳод менамояд. Ширкати «Мултикид» дар якҷоягӣ бо шарикон оид ба барномаҳои омӯзиши забонҳои англисӣ, олмонӣ, чехӣ, хитоӣ, инчунин рушди  донишҳои ҳаётанмуҳим ва баланд бардоштани шавқи омӯзишӣ иттило хоҳад дод. Мавриди зикр аст, ки барномаҳои таълимии тобистона дар баробари омӯзиш, инчунин ба истироҳат ва мубодилаи фарҳангӣ равона шудаанд.

Хотиирасон мебояд кард, ки танҳо давоми соли гузашта зиёда аз 100 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ бо кӯмак ва дастгирии  бевоситаи «Мултикид» ба барномаҳои забономӯзӣ, Бакалавриат, Магистратура, таҷрибаомӯзӣ ва ғайра   шомил шуданд.