Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода изҳор намуд, ки мувофиқи шариат гӯркунии майит дар рӯи замин манъ аст.

Чанде қабл чанде аз васоити ахбори умум иттилоъ дода буданд, ки дар оромгоҳи Муродбахши шаҳри Хуҷанд мурдаро на дар зери хок, балки дар рӯи замин дафн карда, барои майит қабр намекананд ва ҷасадро дар даруни сағонаи нимдавраи аз хишт сохташуда гӯр мекунанд. Ин амал чунин шарҳ дода мешавад, ки гӯё қитъаи замини барои оромгоҳ ҷудошуда хеле сарфа мешавад.

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода ба «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки тибқи шариат ва мазҳаби ҳанафӣ майитро танҳо дар замин гӯр кардан ҷоиз аст.

Ба гуфтаи муфтӣ, дар шариат ду навъи гӯр барои майит иҷоза шудааст ва дар ҳарду ҳолат ҳам гӯр бояд дар замин ба қади одам канда шавад.

«Дар ҳолати аввал агар таркиби замин имкон диҳад, ҷасад дар тоқи махсус (лаҳад) гузошта шуда, дар ҳолати дуюм агар замин региву серсанг бошад, майит мустақиман дар гӯри кандашуда гузошта шуда, болои гӯр бо чӯб маҳкам ва бо хок пӯшонида мешавад», - гуфт Абдуқодирзода.

Ӯ ҳамчунин илова намуд, ки мувофиқи шариат барои одамони зинда пешакӣ гирифтани ҷой дар оромгоҳҳо низ ҷоиз нест ва «танҳо Худо аз тақдири инсону рӯзи даргузашти ӯ воқиф аст».