Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи рӯзи 1 июл ба муносибати таҷлил аз ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ дар маҷмааи «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт баргузор намудани мусобиқаи кушод оид ба пойгаи аспдавонӣ қарор ба имзо расонид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, барои пардохти хароҷоти мусобиқаи мазкур аз ҳисоби буҷети шаҳр 51 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда мешавад.
Раиси пойтахт дар қарор ба ҳамаи сохторҳои марбутаи шаҳр дастур додааст, ки ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ таъмин кардани баргузории мусобиқа тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.