Муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ва аъзои оилаи онҳо бо суғуртаи тиббии бепул дар Русия таъмин мешаванд. Дар ин бора ТАСС хабар медиҳад.

Вазири тандурустии Русия Вероника Сквортсова зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Форуми III Русия ва Арманистон оид ба тандурустӣ изҳор намудааст, ки доир ба таъмини муҳоҷирони корӣ бо суғуртаи пурраи тиббӣ созишнома омода гардидааст.

«Дар доираи созишномаҳои байнулмилалӣ ба шаҳрвандони дигар кишварҳое, ки дар қаламрави Русия кор мекунанд, ёрии бепули таъҷилӣ тиббӣ ва хизматгузориҳои таъҷилии тиббӣ дар макони зист, ҷарроҳии таъҷилӣ ва хизматгузориҳои тиббӣ ҳангоми таваллуди кӯдак дастрас аст», - қайд кардааст Сквортсова.

Гуфта мешавад, Русия ин санадро тасдиқ ва ояндаи наздик аз ҷониби Арманистон низ тасдиқ шудани он дар назар аст. Ҳамчунин кишварҳои узви ИИАО бастаи санадҳо (беш аз 20 ҳуҷҷат)-ро омода намудаанд, ки барои гузаштан ба бозори ягонаи маснӯоти доруворӣ ва тиббӣ ва таъмини сифату бехатарии таҷҳизоту дастгоҳҳои тиббӣ имкон медиҳад. Дар ин бора шабакаи телевизионии «МИР 24» хабар медиҳад.

Зимнан зикр мегардад, ки полиси суғуртаи ҳатмии тиббиро барои муҳоҷирон корфармо дастрас намуда, минбаъд мувофиқи барномаи суғуртаи ҳатмии тиббӣ онҳо аз кумакҳои тиббӣ истифода карда метавонанд.

Қобили зикр аст, ки охири моҳи августи соли равон Вазорати корҳои дохилии Русия санадеро таҳия намуд, ки дар он манъи ҷалби хориҷиён ба кор бидуни имзои шартномаи меҳнатӣ пешбинӣ шудааст. Зарурати қабули қонуни навро ин ниҳод ба талаботи такмили назорат аз болои иҷрои муқаррароти Шартнома дар бораи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) нисбат дод.