Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи боғи фарҳангу фароғати ба номи Садриддин Айнӣ баъди навсозӣ дар Душанбе, ба истеъдоди духтарони тоҷик - ғолибони олимпиадаи байнулмилалӣ оид ба математикаи зеҳнӣ Ёсуман Исмонзода ва Манижа Тошболтаева баҳои баланд дод.
Ғалабаи Ёсуман Исмонзода ва Манижа Тошболтаеваро Савари давлат «ифтихори мардуми тоҷик» номид. Ӯ аз мактаббачон даъват кард, ки аз онҳо ибрат гирифта, бештар донишу маъруифат андӯзанд.
Манижа Тошболтаева вва Ёсуман Исмонзода рӯзҳои 22 ва 29 октбяр дар барномаи "Удивительные люди”-и шабакаи телевизиони Русия бо истеъдоди худ тамошобинонро дар ҳайрат гузоштанд.
Барои қобилияти фавқулода дар ҳисобу китоби математикӣ якеро «духтар-калкулятор»-у дигариро «духтар-радар» номиданд: Ёсуман дар 2 дақиқа мисол бо 100 рақамро ҳал намуда, Манижа бо чашм суръати ҳаракати автомашинаро муайян кард.
Ҳарду ҳам дар олимпиадаи “GeniusKid-2017”, ки рӯзҳои истироҳати гузашта дар Маскав доир гардид, ғолибият ба даст оварданд. Дар ин олимпиада аз 11 кишвари саросари дунё 250 нафар ҳамсолони онҳо иштирок доштанд.
Ба ҷуз ҷоизаву туҳфаҳо, Ёсуман Исмонзода барои иштирок дар марҳилаи минбаъдаи озмуни «Арифметикаи зеҳнӣ», ки моҳи декабри соли равон дар Африқои Ҷанубӣ баргузор мешавад, ҳуқуқ пайдо кард.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.