Қисмате аз муҳоҷирони кории тоҷик, ки муддати беш аз як ҳафта дар истгоҳи  қатораи роҳи оҳани «Оқсарой»-и вилояти Астрахани Русия қарор доштанд, шоми рӯзи 12 ноябр ба Душанбе омаданд.

Қатораи хатсайри Маскав - Душанбе соати 16:30 дақиқа ба Душанбе расида, муҳоҷирони кориро, ки тибқи маълумоти расмӣ, дар истгоҳи «Оқсарой» шуморашон 75 нафарро ташкил медод, пайвандону наздикон пешвоз гирифтанд.

Asia-Plus

Орифҷон Файзуллоев, яке аз ин муҳоҷирон, аз номи ҳамаи муҳоҷирони дар Оқсарой дармонда ба сафорати Тоҷикистон дар Русия барои мусоидат ва кумак ҷиҳати ба ватан фиристоданашон миннатдорӣ изҳор намуд ва қайд кард, ки онҳоро бо хӯрок таъмин намуда, ба билетҳояшон муҳр гузоштаанд, ки дигар харидани билети иловагӣ лозим нашудааст.

Asia-Plus

Ба Орифҷон ва ҳамаи онҳое, ки аз қатораи Маскав - Душанбе аввали моҳи ноябр фароварда шуда буданд, бо қарори суд вуруд ба Русия манъ шудааст. Аксари муҳоҷирон чандин сол аз Русия хориҷ нашуда, ҳуҷҷатҳои худро гум кардаанд, кадоме ихроҷ шуда, вале саривақт қаламрави Русияро тарк накардааст, ки қонуншикании соҳаи муҳоҷират мебошад.

Asia-Plus

Як муҳоҷири дигар, марди миёнсол гуфт, бо қарори суд онҳо ҷарима пардохт намуда, сипас намояндагони сафорат ба билетҳои муҳоҷирони дармонда муҳри иловагӣ гузоштаанд ва ин ба онҳо имкон додааст, ки ба ватан раҳсипор гарданд.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи ноябр дар истгоҳи «Оқсарой» (Аксарайская) воқеъ дар марзи Русия ва Қазоқистон мақомоти салоҳиятдори Русия тибқи маълумоти гуногун аз 150 то 200 нафар мусофирони тоҷик, асосан муҳоҷирони кориро аз қатораи хатсайри Маскав - Душанбе фароварданд.

Asia-Plus

Аксари онҳо ба қонуншикании муҳоҷирати Русия даст зада, ба ҳар кадоме бояд бо қарори суд ҷазо таъин мешуд, лекин муҳоҷирон инро сарфи назар карда, то сафар аз Маскав ин корро накарданд, ки барои боздошт ва ихроҷи минбаъда асос дониста шуд.