Микаэлла Посписилова, муовини сафири Чехия дар Тоҷикистон вз мактаби рассомии бачагонаи шаҳри Хуҷанд боздид намуда, ба толибилми ҳамин мактаб, ғолиби озмуни байналмилалӣ Нигина Азимова диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, Микаэлла Посписилова аз намоиши корҳои эҷодиёти хонандагони мактаби рассомии бачагонаи шаҳри Хуҷанд шиносоӣ пайдо намуда, ба ҳунару истеъдоди муҳассилин мароқ зоҳир кард.
Гуфта мешавад, муовини сафир зимни супоридани тӯҳфа ва дипломи озмун таъкид дошт, ки минбаъд низ хонандагони мактаби рассомии шаҳри Хуҷанд бо офаридаҳои нотакрори худ дар озмунҳои байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, шарафи Тоҷикистонро боло мебардоранд.
Зимнан зикр мегардад, ки маъмурияти мактаби рассомии бачагонаи шаҳри Хуҷанд аз қадршиносии муҳассили хеш дар озмуни байналмилалӣ аз ҷониби муовини сафири Чехия хушнудӣ намуда, изҳор доштанд, ки дар оянда низ дар тарбияи чунин соҳибистеъдодҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд.