Бел ягона асбоби зарурӣ барои муҳоҷирони тоҷик дар қабристоне дар вилояти Маскав аст.
Бо вуҷуди онки кори қабрканӣ дилгиркунанда аст, вале муҳоҷирони тоҷикистонӣ аз кори худ қаноатманду розианд. Чунки бо шарофати ин корашон оилаи худро мехуронанд, хона бунёд мекунанд ва дар Ватан оиладор мешаванд. Muhojir.news.tj доир ба чанд нафар ҷавон аз ноҳияи Файзобод ҳикоят мекунад, ки дар як қабристоне дар як гӯшаи вилояти Маскав кор мекунанд.
Мубиншо, Аҳлиддин, Идрис, Исмоил ва чандин нафари дигар муддатҳост, ки ба сифати қабркан фаъолият доранду эътироф мекунанд, ки аксаран ғайриқонунӣ ва бидуни патент кор мекунанд.
Ба истиснои Идрис, ки моҳи январи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон дубора ба Русия ворид шуда, тавонист, ки худро дар қайд гузорад ва патент гирад. Ӯ мегӯяд, ҳоло орому осуда ҳаст ва аз санҷишу тафтишҳо наметарсад.
“Албатта, мо дарк мекунем, ки ғайриқонунӣ фаъолият намудан хатарнок аст. Ба хотири онки ихроҷ нагардем, мо ҷойи «гарм»-и худро дар қабристон тарк намекунем. Ҳамеша дар қабристон кор ва дар наздикии он зиндагӣ мекунем», – мегӯяд Мубиншо, яке аз ҳамкорони Идрис.
Ҳақмузде, ки дар вилояти Маскав ба даст меоранд, бад нест, ҳатто беҳтар аз кор дар сохтмон аст. Масалан, барои кандани як қабр 1 ҳазор рубл ба даст меоранд ва дар сурати кандани 2-3 қабр имкони ба даст овардани то 3 ҳазор вуҷуд дорад.
Музди меҳнат бешубҳа хуб аст ва муҳоҷирони ҷавон аз ин қаноатманданд. Ба гуфтаи онҳо, имкони дуруст кардани ҳуҷҷат барои расмӣ намудани фаъолият вуҷуд дорад. Вале мушкилӣ сари он аст, ки вақте барои кор ба инҷо меоянд, наметавонанд фаъолияти худро қонунӣ созанд. Чунки барои хариди чипта, хароҷоти аввалия, иҷораи манзил ва озуқа қарз мегиранд ва онҳоро зарур аст, ки қарзро баргардоранд. Онҳое, ки қарз додаанд, интизор шуданро дӯст намедоранд ва ҳамеша барои бозпас гирифтани пулашон занг мезананд.
«То бозгардонии қарз ду се моҳ мегузарад ва муҳлати ба дастории патент низ пушти сар мешавад. Бо ин далел муҳоҷирон чандин сол аст, ки дар инҷо зиндагӣ доранд. Ман низ дар чунин вазъ қарор доштам. Танҳо имсол тавонистам, ки ҳуҷҷат дуруст намоям », — мегӯяд Идрис.
Идрис Каримови 28-сола барои оянда нақшаҳои бузург дорад. Ӯ барои худ дар деҳот хона бунёд кард ва ӯро зарур аст, ки онро таъмир намояд. Мехоҳад ҳарчи зудтар маблағи заруриро барои таъмир ба даст орад то ба хонаи нав кӯч бандад. Вай даҳ сол аст, ки барои муҳоҷират ба Русия меравад.
“Барои дуруст кардани ҳуҷҷатҳо аз як дӯстам 20 ҳазор рубли руссӣ қарз карда будам ва ду моҳи наздик онро бояд бозпас диҳам. Ба ғайр аз ин, барои фарзандону оила маблағ фиристаму худ низ бояд рӯз гузаронам. Намедонам аз уҳдаи ин мебароям ё не, вале интихоби дигаре нест”, — мегӯяд Идрис.
Ӯ бо даъвати бародараш ба муҳоҷират рафта буд. Он замон 18 сол дошт ва дар як бостонсарое ба ҳайси посбон кор кард.
“Барои ман хеле мушкил буд ва посбонӣ воқеан кори сахт аст, махсусан барои мани ҷавон. Ман он замон забони руссиро намедонистам. Инчунин бори аввал аз деҳа ва оилаамон дур шуда будам. Ман зуд-зуд дилгир мешудаму гиря мекардам. Аз бародарам хоҳиш мекардам, ки бароям кори дигаре пайдо намояд. Аммо баъд аз ду сол кори дигар пайдо кардам. Ин кор дар як корхонаи истеҳсоли оби минералӣ буд. Муддати се сол дар ин корхона фаъолият кардам. Баъд аз он ба қабристон барои кор омадам”, – ёдовар шуд Идрис.
Зиндагии ин ҷавонон мутафовит аст. Яке дар ҳуҷрае дуртар аз қабристон зиндагӣ ба сар мебарад, дигаре ба худ иҷозат медиҳад, ки хонаеро иҷора гирад.
«Дар умум, хароҷоти мо он қадар зиёд нест. Мо сарфакорӣ мекунем, махсусан барои хӯрок. Барои ин дар як моҳ 4 ҳазор рубл харҷ мешавад. Барои ҷойи хоб 3 ҳазор рубл дар як моҳ пардохт менамоем. Албатта зиндагии бо шаҳомате надорем ва барои харҷҳои зиёд ба худ иҷозат намедиҳем. Зеро, хонавода, зану фарзанд ба мо умед бастаанд. Маблағҳои боқимондаро ба хона мефиристам. Пас ба фикри шумо чи гуна метавонем хона бунёд намоем? Танҳо бо сарфаи маблағ барои худ», — шаҳр медиҳад ин ҷавон.
Бояд фавран кори нав ҷуст
Ҳангоме ки ба ин қабрканҳо хатари боздошт таҳдид мекунад, онҳо дар ҷангали канори қабристон паноҳ мебурданд. Акнун ин ҷангал бурида шуд ва ин ҷавонон бо шухӯ мегӯянд, ҷойи гурез дигар боқӣ намонд. “Акнун дар миёни қабрҳо пинҳон мешавем», — мегӯяд, Мубиншо, ки ду соли охир дар қабристон кор мекунад. Ӯ аз он метарсад, ки баъди берун шудан аз Русия роҳи бозгашт ба рӯяш баста мешавад.
«Албатта, ман тасмим надорам, ки тамоми умр пинҳон шавам. Имсол ният дорам, ки ба Ватан баргардам ва дар қитъаи наздиҳавлигие, ки ба ман волидонам додаанд, хона бунёд намоям», — мегӯяд ӯ аз нақшаҳои худ.
Мубиншо аз рӯйи ихтисос барқчӣ буда, чор сол дар як колеҷе дар Душанбе таҳсил карда, соҳиби диплом шудааст. Аз рӯйи ихтисос беш аз як сол дар Маскав кор кард. Аммо маошаш, ки 25 ҳазор рубл буд, барояш кофӣ набуд. Бинобар ин, кори дигаре ҷустуҷӯ намуд ва баъди чанде ин кори қабрканиро дар қабристон пайдо кард.
Муҳоҷирати якрӯза
Салимшои Хурсандмурод яке аз қабрканҳо дар ин қабристон ҳаст. Вай чанде қабл огаҳ шуд, ки ба Русия ворид шуданаш манъ гардидааст. Ӯ аз ин хабар дар фурудгоҳи Домодедово огаҳӣ пайдо кард. 2 феврал аз Душанбе ба Маскав парвоз кард ва дар ҳамон ҳавопаймо 3 феврал позпас гардонида шуд.
«Чиптаро ба маблағи 2400 сомонӣ харидорӣ намудам. Маблағи чиптаро ба ман барнагардониданд. Гуфтанд, ки дар чунин ҳолатҳо онҳо айбдор нестанд, вале чиптаро барои ман фурӯхтанд. Агарчи ба он нафароне, ки воридшавиашон ба Русия манъ аст, чипта фурӯхта намешавад.», — нигаронӣ менамояд ӯ. Кор дар қабристон барои ӯ писанд буд. Чунки бо шарофати ин кор ӯ хона бунёд кард ва оиладор шуд.
Қабрканҳои тоҷик дар оянда умед доранд, ки кори хубе пайдо кунанд. Агар бархе аз онҳоро барои будубоши ғайриқонунӣ аз қаламрави Русия ихроҷ насозанд.
Онҳо орзу доранд, ки фарзандонашон ҳеҷ гоҳ ба чизе ниёз пайдо накунанд ва аз пайи падаронашон нараванд ва муҳоҷир нашаванд. Вале аз ҷониби дигар кӣ медонад, онҳо роҳи дигаре доранд?