Имрӯз, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарору фармонҳо чанд вазиру раиси ниҳодҳои алоҳидаро аз мансаб озод ва ба ҷои онҳо нафарони навро таъин кард. Аз ҷумла, Гулнора Ҳасанзода аз вазифаи вазири меҳнату муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон озод ва ба ҷои ӯ Солеҳа Холмаҳмадзода вазир таъин шуд. Холмаҳмадзода то ин дам вакили парлумон аз ҲХДТ буд. Гулнора Ҳасанзода ба нафақа гусел карда шуд.

Ҳамчунин, Шермуҳаммад Шоҳиён аз вазифаи раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон бозхонд шуда, барканории ӯ ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод шудааст. Ба ҷои Шоҳиён, Рустам Мирзозода раиси Додгоҳи олӣ таъин ва тасдиқи номзадии ӯ ба ин ниҳоди қонунгузор пешниҳод шудааст. 

Рустам Мирзозода 50 сола аст ва аз соли 2022 раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон аст. Шермуҳамади Шоҳиён 63-сола аст ва аз соли 2015 раиси Додгоҳи олӣ таъин шуд. Ҳоло тибқи рӯйхати ҲХДТ номзад ба вакили порлумон пешниҳод шудааст.

Ҳамчунин, номзадии Азизбек Хайриддинзода аз вазифаи муовини раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштан, Амирхон Исҳоқӣ ва Азиззода Шодмони Шамс аз вазифаи муовинони раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи додрас будан бозхонд шуда, тасдиқи номзадии онҳо ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод шудааст.

 

Раиси КҲФ ва сардори Қушунҳои сарҳадӣ ҳам иваз шуданд

Аз нусхаи фармону қарорҳое, ки Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон нашр кардааст, бармеояд, ки Рустам Назарзода аз мансаби раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода озод гардида, ба ҷои ӯ Раҳмоналӣ Раҷабалӣ раиси нави ин кумита таъин шудааст. Рустам Назарзода ба нафақа гусел карда шуд.

Раҳмоналӣ Раҷабалӣ аз соли 2013 то ин дам муовини якуми раиси КДАМ ва сардори Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон буд. Ба ҷои ӯ, Муродалӣ Раҷабзода, муовини якуми раиси КДАМ, ҳамчунин фармондеҳи Қушунҳои сарҳадии кишвар таъин шуд. Вай то ин дам муовини якуми Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ буд.

акс аз Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон

Ҳамчунин, Абдураҳмон Ҳалимзода ба ҷои Дилмурод Давлатзода директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон таъин гардид. Абдураҳмон Ҳалимзода то ин дам муовини роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон буд. Дилмурод Давлатзода, ки аз соли 2019 директори Агентӣ буд, ба нафақа гусел карда шуд

Абдуллозода Аҳтам, ки то ин дам сардори Саридораи сири давлатии Тоҷикистон буд, ҳамакнун сардори Хадамоти иҷрои назди Тоҷикистон таъин гардидааст. То ин дам сардори ин хадамот Барно Саидвализода буд.

 

Боз киҳо аз вазифа озод ва ё мансаби нав гирифтанд?

Олимҷон Муҳаммадҷонзода низ аз вазифаи раиси кумитаи забон ва истилоҳт низ аз вазифа барканор ва ба ҷои ӯ Сахидод Раҳматуллозода, раиси Кумитаи забон ва ислоҳоти  таъин шуд. Раҳматуллозорда то ин дам муовини раиси ин кумаита кор мекард.

акс аз Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон

Ҳамчунин, бо қарори дигар, Лутфия Шарифзода сардори Саридораи бойгонии Тоҷикистон таъин шудааст. Ӯ дар ин мансаб Ҷамила Лангарӣ, ки аз соли 2017 дар ин вазифа буд, иваз кард.

Ҷумъа Давлатов, ки аз соли 2015 то ин дам директори Оҷонсии хидмати давлатии назди президенти Тоҷикистон буд аз вазифа озод ва ба ҷои ӯ, Илёс Идрисзода, директори нави ин Агентӣ таъин шуд.

Насрулло Маҳмудзода, ки аз соли 2020 котиби Шӯрои амнияти  Тоҷикистон буд, аз ин мансаб озод гардид. Маълум нест, ки ба чӣ мансаб таъин шуд ва кӣ ба ҷояш ба ин курсӣ такя зад.

Ба ғайр аз ин, нафарони зерин ба мансабҳо таъин шуданд:

- Носир Саидзода, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Тоҷикистон;

- Садриддин Шамсуддинзода, директори Муассисаи давлатии Телевизиони Сафина”;

- Маҳмадёқуб Зокирзода, муовини якуми директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина»;

- Маҳмадёқуб Зокирзода, муовини аввали  директори Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина”;

- Соҳибназари Муҳаммад, директори Муассисаи давлатии телевизиони “Ҷаҳоннамо”;

- Нуриддин Муҳиддинзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А.И.Сино;

- Амир Иброҳимзода, ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон  ба номи С.Раҳимов;

- Сироҷиддин Ҷурахонзода, ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон;

- Баҳром Мализода, директори ҶСК "Пажуҳишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашию ҷустуҷӯйи САНИИОСП".

Хадамоти матбуотии раисҷумҳур навиштааст, "роҳбарони якчанд вазорату кумитаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар сабаби расидан ба синни нафақа аз вазифа озод гардида, кадрҳои ҷавону соҳибтаҷриба ва забондону соҳибтахассус ба вазифаҳои масъулу роҳбарикунанда таъин гардиданд".

Зимни суҳбат раисҷумҳур таъкид кардааст, ки "дар фаъолияти роҳбарӣ ба таъмини адолати судӣ ва волоияти қонун дар ҷомеа, тарғибу ташвиқи фарҳанги волои миллӣ тавассути телевизион ва дигар воситаҳои ахбори омма, тарбияи кадрҳои ҷавону варзидаи забондону кордон, аз ҷумла дар соҳаи фарҳангу рӯзноманигорӣ, омодасозии варзишгарони сатҳи ҷаҳонӣ дар навъҳои миллию олимпии варзиш ва ҳамчунин, ба истифодаи босамару ҳадафманди маблағҳои буҷетӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд". 

Ҳамчунин, Дилноза Аҳмадзода аз вазифаи муовини сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии Тоҷикистон, Каримҷон Азизов  аз вазифаи муовини якуми директори Телевизиони "Сафина", Маҳмадшоҳ Гулзода аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Умеда Абдуллозода аз вазифаи муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон, Қиёмиддин Давлатзода аз вазифаи муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, Шараф Каримзода аз вазифаи муовини вазири адлияи Тоҷикистон ва Шӯҳрат Ғанизода сардори раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти  Тоҷикистон озод карда шуданд. Ҳамаи онҳо "бо сабаби ба кори дигар гузаштан" аз мансаб озод шуданд. 

Бояд гуфт, ки субҳи имрӯз, чанд манбаъи "Азия-Плюс" хабар доданд, ки дар ҳукумати кишвар тағйироти кадрӣ оғоз шуд. Аввалин шуда хабари барканории Нуриддин Саид бо сабаби ба нафақа рафтан аз вазифаи раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон расонаӣ шуд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.