Рошид Неъматов, ҷудокори навраси тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Африқо, ки дар шаҳри Касабланкаи кишвари Марокаш миёни наврасону ҷавонон баргузор гардид, соҳиби медали тилло шуд.
Ӯ дар ин мусобиқа ягона намояндаи Тоҷикистон буд ва рӯзи 17-уми январ дар вазни то 73 кило баромад карда, баъди шикасти як паҳлавони кувайтӣ ва се ҷудокори мизбон ба финал баромад. Дар ин марҳила варзишгари тоҷик бо Букурат Райани аз Марокаш куштӣ гирифта, ӯро ҳам ноком кард ва медали тиллоро ба гардан овехт.
Медали Рошид Неъматов, аввалин медали наврасони тоҷик аз куштии ҷудо дар соли 2025 аст.
Тибқи иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар мусобиқаи Ҷоми Африқо наздик ба 80 паҳлавон аз 12 кишвар ширкат кардаанд.
Бояд гуфт, Рошид Неъматов 18 сол дошта, қаблан низ ғолиби чанд мусобиқа миёни ҷавонону наврасон шуда буд. Ӯ ҳамчунин дар риштаи ҷию-ҷитсо ҳам ҳунарнамоӣ карда, унвони қаҳрамони ҷаҳон миёни ҷавононро соҳиб гардидааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста