Бо қарори ҳукумати кишвар Нуриддин Саид аз вазифаи раиси Кумитаи телевизион ва радио озод ва ба ҷои ӯ Носир Саид, ки то ин дам роҳбари телевизиони “Сафина” буд, ба ин мансаб таъйин гардидааст. Дар ин бора як манбаъ аз Кумитаи телевизион ба "Азия-Плюс" хабар дод.
Манбаъи мо гуфт, Нуриддин Саид, ки то ин дам дар ҳукумат дар вазифаҳои баланд кор кардааст, ба нафақа рафт.
Ӯ аз ҷумла соли 2008 ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва солҳои 2008-2012 ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Баъдан беш аз 8 сол дар курсии вазири маориф ва илм (2012-2020) кор кард.
Нуриддин Саид бо баёнияҳои аҷибаш дар матбуот ва расонаҳо шӯҳрат дошт. Аз ҷумла, дар замони вазириаш ҳамчун муаллифи ибораи “латукӯбизатся” маъруф шуд.
Пасон дар замони раиси кумита будан ҳам як қатор маҳдудиятҳо ҷорӣ кард. Аз ҷумла, нашри некролог дар бораи дарузашти чеҳраҳои шинохтаро манъ кард ва супориш дод, ки дар рекламаи ТВ набояд мардони ришдор бошанд.
Раиси нави Кумитаи ТВ ва радио Носир Саид яке аз чеҳраҳои ошно дар синамо ва журналистика аст. Ӯ аз соли 2012 директори киностудияи “Тоҷикфилм” буд ва соли 2017 роҳбари телевизиони “Сафина” таъийн шуд. Ӯ 59-сола аст ва коргардони чандин филми ҳунарист, ки ҷоизаи байналмилалӣ ба даст овардааст.

Ба иттилои манобеи мо, ба ҷои Носир Саид, Садриддин Шамсиддинзода раиси нави телевизиони “Сафина” таъин шудааст. Садриддин Шамсиддинзода то ин дам раиси телевизиони "Ҷаҳоннамо" буд. Ӯ қаблан дар вазифаҳои директори АМИТ “Ховар” ва муовини раиси Кумитаи телевизион ва радио кор кардааст.
Ба ҷои Садриддин Шамсиддинзода, раиси нави телевизиони "Ҷаҳоннамо" Соҳибназари Ғоиб таъин шудааст.
Соҳибназари Ғоиб то кунун директори телевизиони "Хатлон" буд. Аз ин пеш ба ҳайси хабарнигори ТВ “Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон фаъолият дошт. Соҳибназари Ғоиб писари Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб аст, худаш ҳам шеър менависад ва то кунун чанд маҷмӯаи ашъорашро ба чоп расонидааст.
Баъди зилзила. Сокинони Рашту Тоҷикобод чӣ аҳвол доранд?
“Азия-Плюс” барои фармоишгарони реклама Telegram-бот бо ҳуши маснӯиро роҳандозӣ мекунад
Шаҳри Қазвини Эрон ва Хуҷанд метавонанд бародаршаҳр шаванд
“Дарди музмин”. Нигаронии сокинон аз талаби пул барои таъмири мактаб
Вазорати тандурустӣ гуфт, дар Тоҷикистон аввалин ҷарроҳии бебуриши талхадон анҷом дода шуд
“Хиёнат ба ҷони паноҳҷӯён”. Амрико паноҳҷӯёни Афғонистонро ба ватанашон мефиристад
Оғози сафар ба ҳаҷ. Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик 16-уми май ба Арабистони Саудӣ мераванд
Эмомалӣ Раҳмон қонуни бекор кардани ҷазо барои "лайк" - ро имзо кард
Аз имзои қарордоди $142 млрд аслиҳа то лағви таҳримҳо алайҳи Сурия. Натиҷаҳои рӯзи аввали сафари Доналд Трамп ба Ховари Миёна
“Wildberries” дар Тоҷикистон чӣ гуна кор мекунад ва чаро арзиши хадамоти боррасонии он гарон аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста