Ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» парвози нахустинро дар самти Душанбе – Самарқанд – Душанбе анҷом медиҳад.

Тавре аз дафтари матбуоти ширкат хабар доданд, парвоз рӯзи 28 июл бо ҳавопаймои Boeing 737–300 соати 09:00 аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сурат мегирад.

Бино ба иттилои манбаъ, муддати парвоз ба як тараф 45 дақиқа ва нархи чипта 684 сомонӣ аст. Парвози дуюм бо ин хатсайр рӯзи 4 август дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки имрӯз тариқи ҳавопаймоҳои ширкати «Ӯзбекистон ҳаво йуллари»-и кишвари ҳамсоя метавон аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон сафар кард.

«Ӯзбекистон ҳаво йуллари» аз моҳи апрели соли гузашта ба иҷрои парвозҳо тариқи хатсайри Тошканд – Душанбе – Тошканд шурӯъ намуд: 11 апрел бори нахуст давоми 25 сол ҳавопаймои ширкати ӯзбекистон ба Душанбе фуруд омад. Парвозҳо дар ин самт айни замон ҳафтае як маротиба анҷом дода мешаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед