Барои гиромидошти хотираи сайёҳони ҳалокшуда тоҷикистониён назди сафорати ИМА дар Тоҷикистон гул мебаранд.

Гулгузорӣ назди сафорат аз субҳ оғоз гардида, омадагон ҳамчунин дар китоби тасаллият изхори ҳамдардӣ менависанд.

“Мардуми Амрико бояд бидонад, ки мо ҳамроҳи онҳоем ва ҳамраъйии худро изҳор менамоем”, - гуфт яке сокинони пойтахт, ки назди сафорат омада буд.

1/4

Ёдрас мекунем, ки бар асари ҳамла ба гурӯҳи сайёҳони хориҷии велосиепдрон 4 нафар ҳалок шуданд, ки ду нафари онҳо шаҳрвандони ИМА, як нафар шаҳрванди Швейтсария ва як нафар шаҳрванди Нидерланд мебошанд.

Гурӯҳи террористии Давлати исломӣ масъулияти ин ҳамларо ба дӯш гирифт, аммо дар содир шудани ин ҷиноят ҳукумати расмӣ Ҳизби наҳзати исломро гунаҳкор медонад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.