Нахустин роҳи танобӣ дар шаҳри Хуҷанд, ки моҳи апрели ҳамин сол ба истифода дода шуд, дар як муддати кӯтоҳ ба макони писандидаи истироҳат табдил ёфт. Ҳар рӯз на камтар аз 200 нафар аз он истифода мекунанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки билет барои савор шудан ба он начандон арзон аст: билет ба ҳарду самт барои калонсолон - 30 сомонӣ, барои кӯдакони аз 3 то 12-сола - 20 сомонӣ нарх дорад.
Бо вуҷуди ин, шумори боздидкунандагон аз роҳ кам нест. Сокинону меҳмонони шаҳр мегӯянд, тамошои шаҳр аз баландии 35 метр ба кас ҳаловати хос мебахшад ва барои чунин зебоӣ пул пардохт кардан гапе надорад.
Ин хабар дар доираи лоиҳаи “Салом соседи!” таҳия шудааст. Гузориши пешин дар доираи ин лоиҳа бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.
Шарики лоиҳаи “Салом соседи!” (Салом ҳамсояҳо) КВД “Ширкати алюминии тоҷик” (ТАЛКО) мебошад. ТАЛКО корхонаи бузурги саноатии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки дар сафҳои аввали истеҳсолкунандагони алюминий дар саросари ҷаҳон қарор дорад. Имрӯз саҳми ширкат дар чунин бахшҳои иқтисоди Тоҷикистон, ба мисли саноати кӯҳкорӣ ва кимиё низ назаррас аст. Ҳамчунин ТАЛКО рушди яке аз самтҳои нав дар иқтисоди Тоҷикистон – энергетикӣ-металлургиро низ ҳадаф қарор додааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.