АНОНС

- Дар Душанбе Мусобиқаи Х байнулмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон ҷараён дорад;

- Дар Нур-Султон Мусобиқаи 12-уми байнулмилалӣ оид ба футбол (U-16) барои дарёфти Ҷоми Президенти Қазоқистон ҷараён дорад, ки дар он мунтахаби наврасони Тоҷикистон иштирок мекунад;

- Дар Япония мусобиқаи оид ба дзюдо идома дорад. Тоҷикистонро 9 варзишгар намояндагӣ мекунанд.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  9.6849 сомонӣ;

1 евро – 10.7202 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1466 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи ангиштканон

1964 — Дар Душанбе консерти ансамбли «Гулшан», нахустин ансамбли эстрадӣ дар ҷумҳурӣ доир гардид.

1995 — Дар Душанбе истеҳсоли нахустин дорувориҳои корхонаи муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон оғоз шуд.

2007 — Дар Панҷи Поён (ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон) маросими ифтитоҳи пул аз болои дарёи Панҷ баргузор шуд.

2008 — Дар доираи таҷлили ҷашни 1150-солагии асосгузори адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маросими пуршукӯҳи ифтитоҳи маҷмааи «Боғи устод Рӯдакӣ» баъди таъмиру азнавсозӣ доир гардид.

2011 — Эмомалӣ Раҳмон дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани роҳи мошингарди Душанбе – Рашт – Ҷиргатол – Саритош иштирок кард.

2018 — Қаҳрамони Бозиҳои олимпии соли 2016, гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров дар мусобиқаи Бозиҳои Осиё ба дарёфти медали нуқра шарафёб гардид.

1902-1982 – Зодрӯзи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Сергей Баласанян.

1933 – Мавлуди таърихшинос, Арбоби шоистаи илму техникаи Тоҷикистон Имомназар Келдиев.

1937 – Зодрӯзи математик, профессор Зафар Усмонов.

1949 – Мавлуди актрисаи театру кино Дилбар Умарова.

1963 – Зодрӯзи доктори улуми фалсафа Хуршедҷон Зиёев.

Харитаи интерактивии вазъи обуҳаво дар Тоҷикистон рӯзи 26 август аз ширкати Windy.com-и Чехия.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.