АНОНС

- Дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон бозии даври якуми марҳилаи дуюми мусобиқаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 оид ба футбол дар гурӯҳи «F» баргузор мешавад. Оғози бозӣ соати 19:00.  

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  9.6918 сомонӣ;

1 евро – 10.6804 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1457 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи байнулмилалии хайру эҳсонкорӣ.

1941 – Ифтитоҳи Осорхонаи вилоятии таъриху кишваршиносии Хоруғ.

1960 — Дар Сталинобод корхонаи нави истеҳсоли семент ба истифода дода шуд.

2011 — Сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод агрегати якуми нерӯгоҳи Сангтӯда-2-ро ба кор дароварданд.

2012 — Палатаи поёнии парлумон Кодекси нави андози Тоҷикистонро қабул намуд.

2012 — Бар асари сӯхтори калон дар бозори “Корвон”-и пойтахт ду нафар мардон ва як нафар зан ҳалок шуданд.

2018 — Дар маҳаллаи 82-юми шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи нахустин эстакада дар Тоҷикистон доир гардид.

1942 – Зодрӯзи генетик Мақсудҷон Маҳбубов.

1948 – Мавлуди олим Шафқатҷон Сулаймонов.

1949 – Зодрӯзи доктори улуми биологӣ Нуриддин Абдураҳмонов.

1952 – Мавлуди доктори улуми таърих, профессор Гузал Майтдинова.

1952 – Зодрӯзи Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷонибек Акобиров.

1958 – Мавлуди ҳунарпешаи балет Ҳалима Алибоева.

Харитаи интерактивии вазъи обуҳаво дар Тоҷикистон рӯзи 5 сентябр аз ширкати Windy.com-и Чехия.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.