Продюсери тоҷик, роҳбари ширкати Tojikon Holiday Мансур Неъматов бори навбатӣ иқдоми хайрия роҳандозӣ кард. Ин дафъа ӯ ба ниёзмандон тариқи 1010 адад такси кумак фиристод. Чанд моҳ пеш ӯ бо зиёда аз 100 такси чунин кумак фиристода буд.
Дар мусоҳибаи “Азия-Плюс” Мансур Неъматов изҳор дошт, ки ба ин иқдоми навбатӣ ӯро суханони раисҷумҳур дар бораи накӯкорӣ раҳнамоӣ кардааст.
“Ин худреклама нест, чунин иқдомҳоро ташвиқ мебояд кард, то дигарон пайравӣ кунанд. Пас аз иқдоми нахусти мо шахсоне пайдо шуданд, ки бо 250 мошин кумак карданд. Мо акнун ба 1010 адад расонидем, шояд боз касе пайдо шавад, ки аз ин ҳам зиёдтар кумак кунад”, - гуфт роҳбари Tojikon Holiday.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.