Вакилони палати поёнии парлумони Тоҷикистон қонун “Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ”-ро қабул карданд. Он барои кӯмак ба гуруҳҳои осебпазири аҳолӣ ва ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ равон карда шудааст. Дар ин бора шуъбаи матбуоти парлумони Тоҷикистон хабар медиҳад.
Манбаъ менависад, ки имрӯз, 13-уми ноябр дар иҷлосияи навбатии ин ниҳоди қонунгузор, ки таҳти раёсати Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагон гузашт, ҳамчунин, Созишномаи қарзӣ байни Тоҷикистон ва Хазинаи ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вобаста ба татбиқи лоиҳаи НБО-и Роғун (Лоти 4) баррасӣ шуд. Дар бораи он ки ин созишнома қабул шудааст ё не хабар дода намешавад.
Сомонаи Маҷлиси намояндагон менависад, ки қонун дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ аз ҷониби вакилони парлумон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии ҷомеа, расонидани кӯмак ба гуруҳҳои осебпазири аҳолӣ ва ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ тавассути фароҳам овардани фазои мусоиди иқтисодӣ барои соҳибкории иҷтимоӣ дар Тоҷикистон пешниҳод шуда буд.
“Бинобар ин, дастгирии иҷтимоӣ на танҳо аз баамалбарории сиёсати якҷонибаи давлатии ҳифзи иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ тавасути пардохти нақдӣ ва кумакҳои моддӣ, балки аз фароҳам овардани шароити мусоид барои барқарор шудани қобилияти меҳнатӣ ва фарогирии иқтисодии онҳо иборат аст”, гуфтаанд вакилони парлумон.
Ба таъкиди онҳо, маҳз фарогирии иқтисодии ин категорияи шахсон метавонад афзоиши хароҷоти буҷетро аз ҳисоби даромадҳои андоз аз фаъолияти иқтисодӣ, устувории минбаъдаи молиявӣ ва худтаъминкунии онҳо қисман ҷуброн намояд.
“Аз ин лиҳоз, таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки механизмҳои мусоидат ба шуғли гурӯҳои осебпазири аҳолӣ тавассути ҷалби онҳо ба фаъолияти соҳибкорӣ ё ба истилоҳ соҳибкории иҷтимоӣ зарур аст”, - гуфтаанд вакилон.
Намояндагони халқ ба ин назаранд, ки соҳибкории иҷтимоӣ бояд барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, баланд бардоштани некуаҳволии умумии аҳолӣ, пур кардани бозор аз молҳо ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ, ҷорӣ намудани усулҳои нави инноватсионӣ дар соҳаи соҳибкории хурд ва миёна, зиёд намудани манбаи андоз ва кам кардани сарбории пардохтҳои иҷтимоӣ ба буҷети давлатӣ замина гузорад.
Ҳамчунин, қабули ин қонун дар раванди татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувори (ҲРУ) СММ дар Тоҷикистон саҳм гузошта, ба ин васила яке аз уҳдадориҳои байналмилалии кишвар амалӣ мешавад.
Бояд гуфт, ки соҳибкории иҷтимоӣ фаъолиятест, ки барои ҳалли мушкилиҳои ҷомеа ё як гурӯҳи иҷтимоӣ равона гардида, мақсадаш гирифтани фоида тариқи ҳалли масъалаҳо ё мушкилоти иҷтимоӣ аст. Яъне агар ҳадафи соҳибкории анъанавӣ танҳо ба даст овардани фоида бошад, соҳибкории иҷтимоӣ бо мақсади дастгирии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа мехоҳад даромад ба даст орад.
Дар Тоҷикистон бори аввал оид ба соҳибкории иҷтимоӣ соли 2018 гуфтугӯҳо оғоз гардид. Баъди таҳқиқ ва омӯзиши заминаҳои соҳибкории иҷтимоӣ гурӯҳи корӣ таъсис ёфт ва давоми қариб 5 сол лоиҳаи қонунро омода ва имрӯз қабул шуд.
Он баъди тасдиқи Маҷлиси миллӣ, имзои президенти кишвар ва нашри он дар матбуот ба ҳукми амал медарояд.
Қонунӣ шуд. Додрас шудан мехоҳӣ? Забони хориҷӣ омӯз!
“Лағви комили раводид”. Сафири Тоҷикистон дар Эрон омили асосии рушди тиҷоратро гуфт
Заминҳои номуносиб барои зиндагӣ. Ҳолати 30%-и заминҳои кишт дар Тоҷикистон хуб нест
Ҷаримаи як сокини Душанбе барои парвариши асп
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ташнаи об болои дарахти чормағз”
Ба фурудгоҳи Хуҷанд боз имтиёз доданд. Воридоти чанд техникаву мошин аз пардохти андозу боҷ озод шуд
Парвандаи ҷиноятӣ барои “лайк”. Пас аз интиқоди Эмомалӣ Раҳмон вазъ тағйир меёбад?
Усмонзода бозпурсӣ шуд. Мурофиаи сеюми чеҳраҳои шинохта боз ҳам паси дарҳои баста баргузор шуд
Арзиши барқ барои корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералӣ - “Азот” поин рафт
Ӯзбекистон маблағи пардохти гумрукиро барои сементи Тоҷикистон 9 баробар зиёд кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста