Як мардро дар Душанбе бо гумони дуздии беш аз 350 ҳазор сомонӣ аз мағоза боздошт кардаанд. Дар ин бора Раёсати ВКД дар Душанбе хабар дода, навиштааст, ки боздоштшуда Сафаров Рустам, сокини 38-солаи пойтахт аст.
Ба гуфтаи манбаъ, ин нафар рӯзи 5-уми ноябр пинҳонӣ ба мағозае дар кӯчаи Каринмани пойтахт даромада, аз дохили ҷевони оҳанин 220 ҳазор сомонӣ ва 13 ҳазору 700 долларро дуздидааст. Гуфта мешавад, ки баъди боздошт мақомот аз ӯ як қисми ин маблағро дарёфт ва мусодира кардаанд.
Дар айни ҳол пулис алайҳи Сафаров Рустам бо иттиҳоми дуздӣ (моддаи 244 қисми 4 кодекси ҷиноӣ) парванда боз кардааст. Бар асоси ин иттиҳом ба Сафаров аз 8 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.
Назари боздоштшуда ва наздикону пайвандони ӯ дар робита ба ин қазия маълум нест.
Дуздӣ дар Тоҷикистон аз маъмултарин ҷиноятҳоест, ки сари ҳар чанд вақт мақомот аз он хабар медиҳад. Чанде пеш Додгоҳи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон як мардро барои дуздии телефон аз масҷид се сол равонаи зиндон карда буд.
Афви тақрибан 900 зиндонӣ. Аллакай, 200 кас аз зиндонҳои Тоҷикистон озод шуданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 марти соли 2025
Суманак – сӣ малак? Аз ривоятҳо то ҳақиқати суманак
Наврӯз-бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 марти соли 2025
Интернет дар Тоҷикистон арзон мешавад?
Таъкиди раиси ҷумҳур ҳам асар накард? “Маршировка”-и садҳо донишҷӯй дар Хуҷанд барои таҷлили ҷашни Наврӯз
Ду рӯз пеш аз солгарди ҳамла ба “Крокус”. Муҳлати ҳабси гумонбарони асосӣ ду моҳи дигар тамдид шуд
Баҳорро бо пойгоҳҳои нави базавӣ пешвоз мегирем!
Замону макони чорабиниҳо маълум шуд. Имсол ҷашни Наврӯз дар Суғд чӣ гуна таҷлил мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста