Қисмати зиёди довталабони хориҷӣ, ки ба макотиби олии Русия дохил шудаанд, намояндагони кишварҳои Осиё мебошанд: Чин, Ветнам, Ҳиндустон. Ба қатори кишварҳои пешсаф инчунин Беларус, Тоҷикистон, Эрон, Ҷумҳурии мардумии Донетск (ҶМД) ва Ҷумҳурии мардумии Луганск (ҶМЛ) шомил шудаанд, хабар медиҳад РБК.
Аз ҷумла, теъдоди дохилшудагон ба кампуси Донишгоҳи молиявӣ дар Маскав 604 нафарро ташкил додааст. Аксарияти довталабон аз кишварҳои хориҷи наздик - Абхозистон, Тоҷикистон, Беларус, Молдова омада, ҳамчунин шаҳрвандони Ветнам, Муғулистон, Гаити ва Чин низ ҳуҷҷат супоридаанд, хабар додаанд аз хадамоти матбуоти ин муассисаи олии таълимӣ.
Тавре ки ба РБК аз дафтари матбуоти кампуси Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди президенти Русия (РАНХиГС) дар Маскав хабар додаанд, шаҳрвандони 29 кишвар, аз ҷумла Чин, Конго, Исроил, Туркия, Эрон, Покистон аризаи барои қабул шудан пешниҳод кардаанд. Барои таҳсил дар академия тибқи квотаи ҳукумати Русия барои хориҷиён зиёда аз 300 ҷой пешниҳод шудааст.
Ректори Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия (РУДН) ба РБК изҳор намудааст, ки аз Чин, Ветнам, Эрон, Афғонистон ва Туркманистон дархостҳо аз ҳама бештар будааст. Ғайр аз ин, 58 нафар барои қабул аз ҶМД, ҶМЛ ва Украина тавсия шудаанд.
Ба гуфтаи Виктор Садовничий, ректори Донишгоҳи давлатии Маскав (МГУ), зиёда аз 80%-и довталабон шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Шарқӣ, Марказӣ ва Ғарбӣ мебошанд. Ба гуфтаи ӯ, нишондиҳандаҳои довталабони хориҷӣ бо маълумоти соли 2021 қиёс карда мешаванд. Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург назар ба соли 2021 аз донишҷӯёни хориҷӣ тақрибан 20% бештар дархост қабул кардааст, хабар додаанд аз дафтари матбуоти донишгоҳ.
Иван Лобанов, ректори Донишгоҳи иқтисодии Русия (РЭУ) ба номи Г.В.Плеханов изҳор намудааст, ки дар қатори пешсафҳо аз лиҳози теъдоди довталабони хориҷӣ дар ин муассиса шаҳрвандони Ветнам, Украина (бо шумули ҶМД ва ҶМЛ), инчунин Тоҷикистон ва Беларус қарор доранд.