Бо ёрии замимаи DC NEXT, «Душанбе Сити» интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад. Шумо бо ёрии замимаи мо метавонед маблағро ба кортҳои низоми пардохти UZCARD ва HUMO дар як лаҳза ва бе комиссия интиқол диҳед.
Шумори интиқол маҳдуд набуда, маблағи ниҳоии як интиқол 10 000 сомониро ташкил медиҳад.
Барои интиқоли пул ба кортҳои Uzcard ва HUMO тариқи замимаи DC Next анҷоми амалҳои зерин зарур аст:
- Ворид шудан ба замимаи DC Next
- Кушодани бахши «Переводы»
- Интихоби «Карты Узбекистана» дар бахши кушода
- Ворид намудани маълумот дар бораи қабулкунанда ва маблағе, ки шумо интиқол додан мехоҳед
- Санҷиши дурустии маълумоти воридкарда ва пахши тугмаи «Оплатить».
Пулҳои худро дар реҷаи 24/7 бо ёрии замимаи DC Next идора кунед. Дар ин ҷо шумо зиёда аз 200 хидматрсонӣ ва шартҳои фоиданокро дар як замима пайдо мекунед.
ҶСП «Душанбе Сити Банк» соли 2018 аввалин замимаи мобилии худ - DC Wallet-ро роҳандозӣ намуд. Тирамоҳи соли 2021 ҳамёни нави онлайнии DC Next муаррифӣ шуд, ки дар он тарроҳии навшуда ва корбурди беҳтаршударо метавон мушоҳида кард.