“Тоҷикистонро мавҷи нави табдили номи маҳаллаҳои аҳолинишин ва иншооти ҷуғрофӣ интизор аст. “Номи онҳо ба талаботи муосир ҷавобгӯ нест”, -изҳор дошт имрӯз, 1 август зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи рушди маҳал Шарифҷон Ҷумъазода.

Бино ба маълумоти ӯ, ба ин талабот 4 ҳазору 833 иншооти ҷуғрофӣ ва маҳаллаҳои аҳолинишин ҷавобгӯ нестанд.

"Гурӯҳи махсуси корӣ аз моҳи ноябри соли 2021 беш аз 12,5 ҳазор номҳои ҷуғрофӣ (топонимҳо)-ро мавриди омӯзиш қарор дода, ба хулосае расид, ки номи 4 ҳазору 31 иншооти ҷуғрофӣ ва 802 маҳаллаи аҳолинишин ба воқеияти имрӯза мувофиқ нестанд. Дар ояндаи наздик дар вилояти Суғд 170 ва дар вилояти Хатлон - номи 342 маҳаллаи аҳолинишин иваз карда мешаванд. Дар шаҳру навоҳии тобеи марказ 238 ва ВМКБ - 52 мавзеъ табдили ном мекунанд”, - иброз дошт Ҷумъазода.

Ӯ зикр кард, ки табдили номи маҳаллаҳои аҳолинишин раванди доимӣ буд, минбаъд низ идома меёбад.

Ғайр аз ин, маркази ноҳияҳо бояд мақоми шаҳракро дошта бошанд. Лекин айни замон дар Тоҷикистон маркази баъзе ноҳияҳо то ҳол деҳа шуморида мешаванд.

Ба нақша гирифта шудааст, ки зерсохтори онҳо ба талаботи шаҳрак мутобиқ гардонида шавад.

Қобили зикр аст, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ номҳои чандин шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ иваз шуда, (баъзеашон якчанд маротиба), бархе мақоми шаҳрро соҳиб шуданд ё аз нав таъсис дода шуданд. Дар ин маводи мо бо номҳои собиқ ва имрӯзаи чанде аз шаҳру навоҳӣ муфассалтар шинос шуда метавонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.