Дар ҷараёни кори Симпозиуми байналмилалии “Бобоҷон Ғафуров - бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи точик” ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дар Душанбе президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш ба ҳукумати кишвар супориш дод ки масъалаи таъсиси Ҷоизаи давлатии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мавриди омӯзиш қарор гирифта, дар ин бораи пешниҳод манзур шавад.
Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, ба ақидаи президент, ҷоизаи мазкур барои дастовардҳои назаррас дар таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, бостоншиносӣ, мардумшиносӣ, шарқшиносӣ ва муаррифии таъриху фарҳанги деринаи тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ тақдим мегардад.
“Гиромидошти номи неки Бобоҷон Fафуров мактаби бузурги тарбияи худогоҳиву худшиносии таърихӣ ва ифтихори миллӣ мебошад, - таъкид дошт сарвари давлат. - Бинобар ин, моро зарур аст, ки хотираи ин фарзанди фарзонаи миллатро пос дорем, шоҳасари «Тоҷикон» ва дигар осори бегазанди ӯро пайваста омӯзем ва аз кору фаъолияти фидокоронааш сабақ гирем”.
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуровро президенти мамлака шоҳкорӣ номида, таъкид дошт, ки он асарест, ки таърихи миллати тоҷикро аз замонҳои қадимтарин то ибтидои асри XX-ум дар бар мегирад ва дар заминаи маводи зиёди бостоншиносӣ, осори фаровони хаттии таърихиву адабӣ ва таҳқиқоти олимони маъруфи Шарқу Ғарб ба таври хеле муфассал таълиф шудааст.