Як сокини 34-солаи ҷамоати деҳоти Чоркуҳи шаҳри Исфара барои куштори як мард, ки гуфта мешавад, “хушдор”-и хоҳараш будааст, 22 сол равонаи зиндон шуд. Дар ин бора Обидиён Шавкатбек, додраси Додгоҳи вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” хабар дод.
Манбаъ аз ин шахс Саид Олимӣ ном бурд, ки 4 сол пеш, моҳи ноябри соли 2020 ҳамроҳи бародараш Саттор Сайвалиев дар назди бозори “Панҷшанбе”-и Чоркуҳ Саттор Абдусаломов, сокини дигари шаҳри Исфараро бо зарби арматур ба сару рӯй ва баданаш ба қатл расонида, баъдан, ба Русия фирор кардаанд.
“Саид Олимӣ моҳи сентябри соли 2020 хабар меёбад, ки хоҳараш А.М бо Саттор Абдусаломов муносибатҳои маҳрамона дорад. Ӯ, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия буд, бо қасди куштори Абдусаломов ба Тоҷикистон бармегардад...”,-гуфта шудааст дар ҳукми додгоҳ, ки моҳи сентябр содир шудааст.
Ба иттилои Обидиён Шавкатбек, ҳодисаи куштор рӯзи 5-уми уми ноябри соли 2020 рух дода, “Саид Олимӣ ҳамроҳи Саттор Сайвалиев (Олимӣ) дар ҳудуди бозори “Панҷшанбе”-и ҷамоати Чоркуҳ Саттор Абдусаломовро маҷбуран ба мошин савор карда, дар мавзеи наздисарҳадии “Сиёҳкуҳ”-и ҷамоати Чоркуҳ бо арматур ба сару руй ва баданаш мезананд”.
Баъдан, ҷасади Абдусаломовро ба бордони мошин бор карда, дар яке аз партовгоҳҳои шаҳр мепартоянд. Мақомот ҷасадро се рӯз пас, 8-уми ноябр пайдо мекунанд.
Баъди куштор, Саид Олимӣ ҳамроҳи Саттор Сайвалиев рӯзи 6-уми нобяри соли 2020 ба Русия фирор кардаанд.
Мақомот Саид Олимӣ ва Саттор Сайвалиевро таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доданд ва танҳо баъди 4 сол мақомоти Тоҷикистон ва Русия Саид Олимиро дар ҳудуди Русия дастгир ба Тоҷикистон оварданд.
Бо қарори Додгоҳи вилояти Суғд Саид Олимӣ барои одамкушӣ (моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон) 22 сол аз зодӣ маҳрум гардид.
Саттор Сайвалиев ҳоло ҳам дар ҷустуҷуӯйи байналмилалӣ аст.
Куштори наздикон бо сабаби муносибатҳои маҳрамона ё рашку нобоварӣ бори аввал нест. Рӯзи 26-уми август як сокини Истаравшан хоҳари калониашро барои бо марди бегона робита доштан бо корд кушт ва “хушдор”-и ӯро захмӣ карда буд.
Дарёфти патент ва шаҳодатнома тариқи онлайн. Барномаи “Андози ман”-и Кумитаи андоз чӣ гуна кор мекунад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Иброҳим ва чигуна зинда шудани мурдагон”
Бахши кишоварзии Тоҷикистон: Ҳамаи нишондиҳандаҳо афзуданд, ба ҷуз пахтакорӣ
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 декабри соли 2024
“Дар атрофи гулхан ва бо тарсу шубҳа”. Баъди боздошти 4 гумонзад ҳам сокинон дар Конибодом навбатдорӣ мекунанд
Имсол муҳоҷирати занони тоҷик ба Русия кам шудааст
Заҳролудшавии 4 узви як оила аз дуди ангишт дар Душанбе
Субҳон Ҷалилов: “Журналист бигзор якрав бошад, аммо бесавод набошад!”
Акнун аҳолӣ барои гирифтани маълумотномаи доғи судӣ изи ангушт месупоранд. Боз барои чӣ изи ангушт мегиранд?
Аз 14 рақам танҳо 5-то посух дод. Телефонҳо барои эълони кор дар хориҷа чӣ гуна кор мекунанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста